Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТОДОЛОГИЯ

МЕТОДОЛОГИЯ

metodologiyaМЕТОДОЛОГИЯ (аз метод ва ловил), назарияи гносеологию мантиқиест дар боби принципҳо ва методҳои тадқиқу техники илмӣ, ба маънии васеътар — таълимотест дар бораи аслу усулҳои ҳамагуна фаъолияти одами — чӣ назарӣ ва чӣ амалӣ (дигаргунсозии воқеият).

Фалсафа аз қадимулйём инҷониб (ҳеҷ набошад, аз замони ташаккули Упанишадҳои ҳиндувон) аслу сиришти дониши инсон, манбаъ, роҳу тариқи пайдоши ва муносибати онро ба воқеият тадқиқ карда меояд. Дар давраи атиқаи юнонӣ Афлотун ва Арасту дар баробари масъалаҳои онтология, этика ва эстетика, як қатор проблемаҳои назарияи маърифат ва мантиқро низ тадқиқ намуданд, ки аҳамияти методологӣ доштанд. Дар асрҳои миёна Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Ибни Рушд ва дигарон зимни идомати тадқиқоти методологии пешиниён ба коркарди масъалаҳои мантиқию гносеологӣ низ пардохтаанд. Аз ҷумла Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Донишномаи Алоӣ», «Ишорот ва танбеҳот» ва «Мантиқ-ул-машриқин-ин» ақидаҳои гносеологию мантиқии Арастуро ҳамаҷониба инкишоф дода, процесси аз ҳоли нодониста ба ҳоли дониста гузаштани маърифати илмиро тадқиқ кард.

Масъалаҳои Методология алалхусус дар асрҳои 16 ва 17, замоне, ки илми табиатшиносӣ ташаккул ёфту проблемаи таносуби методи илмӣ ва усули анъанавии таҳқиқоти натурфалсафӣ пеш омад, дар мадди назар буданд. Фалсафаи онвақта ба коркарди буньёди методологии табиатшиносӣ ҷиддӣ машғул шуд. Ин кори муҳимро, ки Ф. Бэкон ва Р. Декарт cap карда буданд, фалсафа то худи интиҳои а. 19 идома дод. Гузашт аз ин, проблемаи мазкур бо мурури замон аз ҳудуди пешинаи худ баромада рафта, ба кӯшиши «илмонидан»-и худи фалсафа табдил ёфт, зеро фалсафаро бори аввал зарурати таърихие пеш омад, ки вуҷуди худро ҳамчун соҳаи мустақили фаъолияти маънавӣ асоснок намояд. Аз ҷумла, фалсафаи классикии немис маха буньёди методологии метафизикаро мавриди таҳлили интиқодӣ қарор дод. Дар ин роҳ махсусан И. Кант иқдоми бузург кард. Маҳз ӯ буд, ки бори нахуст масъалаҳои тодологиро аз масоили гносеологӣ ҷудо кардааст. Вале Кант таҳкурсии бинои серошьёнаи метафизикаи aсри анъанавиро вайрон карда бошад ҳам охир худаш побанди ғояи метафизикаи нав шуда монд, ки аз системаи пешинаи фалсафӣ фақат аз ҷиҳати аслу усули худ фарқ мекарду бас.

Солҳои сиюми асри 10 позитивизм ном, ҷараёии нави фалсафӣ cap бардошт, ки аз аввал худро «методологияи ҳақиқии илм» эълон кард. Аммо дар ниҳояти кор вай ба мақсади худ нарасид, зеро як норасоии принципиалӣ дошт: агар натурфалсафаи Кант, ки онро позитивизм тамоман 13 байн бурданӣ буд, масъалаҳои ҷузъии илмро бо усули сирф фалсафӣ ҳал кунад, позитивизм, баръакс, масъалаҳои куллии фалсафиро бо усулҳои хоссаи илми табиатшиносӣ хал кардан мехост. Ин амр ба шаклҳои баъдинаи таърихии позитивизм (эмпириокритицизм, позитивизими мантиқӣ) низ хос буд. Аз ин ҷиҳат беҳуда нест, ки барномаи методологии фалсафаи чӣ позитивистӣ ва чӣ неопозитивистӣ охиран иҷро нашуда монд.

Аз охирҳои солҳои 50 ва махсусан аввали солҳои 60 ба арсаи Методологияи илм ба истилоҳ постпозитивизм баромад. Намояндагони ин ҷараёни навбаромади фалсафаи Ғарб (алалхусус Т. Кун, II. Лакатос ва П. Фейерабенд), бар хилофи барномаи позитнвистони мантией, ба пеши худ вазифа гузоштанд, ки қонуниятҳои ташаккул, такомул ва тараққии системаи донишҳои илмиро тадқиқ намоянд. Ҳарчанд онҳо дар ин роҳ ба муваффақиятҳои муайян комьёб шуданд, принципҳое, ки эшон роҳнамоӣ методологӣ қарор додаанд (релятивизм, психологизм), имкон надоданд, ки барномаи худро ба таври боду шояд ба иҷро расонанд.

Харҷу марҷеро, ки ҷараёнҳои мухталифн фалсафаи буржуазӣ дар соҳаи Методологияи илм ба вучуд овардаанд, фақат диалектикаи матерналистӣ бартараф карда тавонист. Барои ба ин нукта боварҳ хосил намудан як ба таърихи кашфиётҳои физикии охири асри 19 ва аввали асри 20 ва маънидодҳои фалсафии онҳо назар меафканем.

Тақсимпазирии атом ва аз зарразаряднок иборат будани он, алоқамандии ботинкӣ масса ва энергия, хосиятҳои аҷибу ҳайратангези фазову вақт — чунин аст рӯйхати нопурраи он кашфиётҳои инқилобии Физикаи давраи мазкура, ки дар тасаввуроти чандасраи илмӣ табаддулоти гӯшношунидро ба амал овардаанд. Ҷараёнҳои мухталифи фалсафаи идеалистӣ ва метафизикӣ, алалхусус позитивизм, ба моҳияти аслии 1,0 кашфиётҳо сарфаҳм нарафтанд Ва Дар таъбири онҳо ба хулосаҳои суст асос ва ҳатто комилан ғалат роҳ доданд. «Материя нест мешавад, Фақат муодилаҳо боқӣ мемонанд»— чунин аст яке аз он хулосаҳои тамоман нодурусте, ки ҳомилони эмориокритицизм аз кашфиётҳои навини физикӣ бароварда буданд ва зӯр зада онҳоро барои собит кардани ақидаҳои ғайриилмии худ истифода мебурданд.

В. И. Ленин ба ин ҷиҳати масъала эътибори калон дода, инқилоби илмии охири асри 19 ва ибтидои асри 20-ро дар ҷараёни андешаву тааммули зиддияти асосӣ дар инкишофи физикаи онвақта — зиддияти байни мазмуни революционии кашфиётҳои навин ва маънидоди нодурусти моҳияти фалсафии онҳо — ҳамаҷиҳата таҳлилу таркиб кард. Зимни ин В. И. Ленин решаҳои синфӣ ва гносеологии идеализми «физикӣ»-ро ошкор намуда, ба он факт эътибори махсус дод, ки дар мавриди мазкур «мо бо як ҷараёни байналхалқии ғоявие сару кор дорем, ки аз ягон системаи фалсафии алоҳида вобаста набуда, аз баъзе сабабҳои умумие бармеояд, ки аз доираи фалсафа берунанд» (Ленин В. И., Поли. собр. соч., т. 18, с. 320—321). Ҳангоми таҳлили фалсафии «бӯҳрони физика» бошад, В. И. Ленин ҷиҳатҳои концентуалӣ ва гносеологии онро ҷудо карда, моҳияти масъаларо бо нури ҳикмат равшан намуд. Ба қавли ӯ, асли мавзӯъ иборат аз он аст, ки аз як тараф «қонунҳо ва принципҳои кӯҳан дарҳам шикаста шудаанд» ва аз тарафи дигар, «реалияти объективии берун аз шуур як су партофта мешавад, яъне материализм бо идеализм ва агностицизм иваз карда мешавад». Бӯҳрони бунёди концептуалити физикаи асри мо асосан то ибтидои солҳои 30 дар натиҷаи баррасии бунёди математикӣ ва андешоти ғоявии назарияҳои квантӣ ва релятивистӣ бартараф карда шуд. Лекин ҷараёни дарки фалсафии табаддулоти мазкур солҳои дуру дароз тӯл кашид ва ҳамроҳи ба муборизаи шадиди материализм ва идеализм сурат гирифт. Ба ҳамин муносибат як нуқтаро аз осори фалсафии Ленин қайд карда гузаштан салоҳ аст. В. И. Ленин андаруни таҳлили инқилоби илмии физикаи ибтидои асри 20 яке аз сабабҳои асосии гумроҳона ба ботлоқи идеализм ғӯтида мондани физикаи навинро дар он медид, кн «физикҳо диалектикаро намедонистанд» (Ленин В. И., Полн. собр. соч., т. 18, с. 277—278).

Силсилаи кашфиётҳое, ки дар физикаи ҳозира ба амал баромадаанд ва дар оянда сурат хоҳанд гирифт, аз ҷиҳати аҷобатангезӣ ва оқибатҳои имконпазири худ аз кашфиётҳои замони пешин монданӣ надоранд ва ба ин маънӣ зарурати азхуд намудан ва бошуурона истифода бурдани принципҳои методологии матернализми диалектикӣ аз ҳарвақта дида тезу тундтар ба миён меояд. В. И. Ленин барҳақ фармудааст: «Табиатшиносӣ чунон тез пеш меравад, дар ҳамаи соҳаҳо давраи чунон дарҳамшикании чуқури инқилобиро аз cap мегузаронад, ки бе хулосаҳои фалсафӣ табиатшиносӣ ҳеҷ гоҳ қаноат карда наметавонад» (Ленин В. И., полн. собр. соч., т. 45, с. 31). Лекин барои баровардани хулосаҳои дуруст маҳз фалсафаи марксистиро асоси методологӣ қарор додан лозим аст.

Саромадони марксизм-ленинизм зарурат ва аҳамияти барқарор кардани иттифоқу иттиҳоди эҷодии фалсафа ва табиатшиносиро таъкид карда, барҳақ онро заминаи комьёбии тарафайн донистаанд. Дар воқеъ, магар олими табиатшинос ҷиддан фалсафаро сарфи назар карда метавонад? Охир таҳқиқоти илмӣ бе тафаккур намешавад, тафаккур бошад бе категорияҳои мантиқ. Дар навбати худ категорияҳои мантиқ дар ҷараёни таҳлилу таркиби фалсафии тамоми таърихи маърифати инсон шаклу мазмун гирифтаанд. Пас, барои муҳаққиқи табиатшинос фалсафа мисли обу ҳаво лозим аст ва агар вай онро дидаю дониста инкор кунад, дар ниҳояти кор ба доми ягон ақоиди фалсафанамо меафтаду бас. Ба ин маънӣ Ф. Энгельс чунин фармудааст: «Табиатшиносон ҳар қиёфаеро, ки ба худ гиранд, зеро ҳукми фалсафа хоҳанд буд. Гап фақат дар сари он аст, ки оё онҳо таҳти нуфузи ягон фалсафаи нобоби модшуда буданро мехоҳанд ва ё мехоҳанд чунин шакли тафаккури назариро ба худ дастур қарор диҳанд, ки он мавқуф бар таърихи тафаккур ва комьёбиҳои ӯст». (Маркс К., Энгельс Ф., Соч., т. 20, с. 525).

Аз тарафи дигар, худи фалсафа низ новобаста ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ тараққӣ карда наметавонад; вай фақат тавассути ҷамъбасти интиқодии натиҷаҳои фанҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ ва андешаи амиқу бисьёрҷиҳатаи таҷрибаи иҷтимоӣ категория ва қонунҳои хоси худро кашф менамояд. Ба ин маънӣ дар байни фалсафа ва илмҳои мушаххас (конкретӣ) вобастагии мутақобил ҳаст.

Методологияи илмие, ки ба диалектикаи материалистӣ (охири ба мантиқ ва назарияи маърифат мусовӣ дониста мешавад) асос меёбад, ҷустуҷӯ ва баррасии ҳамон принципҳои эвристиро мақсади умдаи худ медонад, ки бар буньёди инкишофи донишн илмӣ қарор гирифтаанд ва пайваста қонуниятҳои ташаккул ва такомули таърихии онро идора мекунанд. Чунин принципҳои методологиро бошад, фақат дар заминаи таҳлилу таркиби интиқодии процесси маърифат, ки худ зимни робитаи мураккабе бо омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ амал мепазирад, дарьёфтан ва ба қолиби таҳрири фалсафӣ кашидан мумкин мегардад. Маҳз зимни иҷрои ин амр диалектикаи материалистӣ вазифаи Методологияи илмро самарабахшона адо карда метавонад.

Дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ вазифаи Методологияро материализми диалектикӣ бо ҳамдастии материализми таърихӣ ба иҷро мерасонад. Фалсафаи марксистӣ Методологияи қуллию ҳамагониест, ки дар ҳамаи соҳаҳои эҷодиёт — илм, адабиёт ва санъат баробар ба сифати раҳнамо хизмат мекунад. Лекин вайро ягона Методологияи соҳаҳои мазкур пиндоштан норавост. Солҳои охир зарурати ҷудо кардани савияҳои гуногуни тадқицқти методологӣ пеш омад, зеро маълум шуд, ки дар баробари методологияи куллӣ (диалектикаи материалистӣ) як қатор соҳаҳои нави тадқиқот ташаккул ёфтанд, ки худ мақоми методологӣ доранд. Чунончи, мантиқи математикӣ, семиотика, кибернетикаи назарӣ, прогностика, назарияи умумии системаҳо, структурализм ва монанди инҳо айнан аз ҷумлаи чунин соҳаҳоеанд, ки нисбат ба дигар соҳаҳои инобатан ҷузъии илм функцияи методологиро иҷро мекунанд. Вале бунёди методологии худи ин соҳаҳои нисбатан умумии илм дар навбати худ дар заминаи материализми диалектикӣ қарор гирифтааст.

Бояд низ гуфт, ки Методологияи фалсафӣ як соҳаи мустақили материализми диалектикӣ ва таърихиро ташкил намедиҳад, зеро ҳамаи принципҳо, қонунҳо ва категорияҳои фалсафаи марксистӣ ба андозаи баробар функцияи методологиро адо мекунанд.

Бартарии Методологияи материалистию диалектикӣ алалхусус дар он зоҳир мегардад, ки вай муҳаққиқони табиат, ҷамъият ва олами маънавиётро ба ошкор сохтани диалектикаи объективӣ ҳидоят мекунад ва аз ин ҷиҳат дастурҳои гносеологиаш ҳеҷ гоҳ хилофи воқеият нахоҳанд буд. Ба ин маънӣ маҳз фалсафаи марксистй ягона методи куллӣ ва ҷаҳонбинии хосест, ки зимни он масъалаҳои принципиалӣ ва пухтарасидаи илм, маданият ва амалияи иҷтимоии асри ҳозираро ҳал кардан имконпазир аст.

Ад.: Маркс К. и Энгельс Ф., Святое семейство, Соч., т. 2; Энгельс Ф., Диалеитина природы; МарксК. и Энгельс Ф., Соч., т. 20; Ленин В. И., Материализм ва эмпириокритицизм, Ас., ч. 14; Ленин В. И., Дафтархои фалсафй, Ас., ч. 38; Философия, методология, наука, М., 1972; Методологические принципы физики, М., 1975; Швырев

В. С., Методология науки (аналитический обзор). М., 1979.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …