Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ дар адабиёт, як қисми адабиётшиносӣ, ки робита ва муносибатҳои адабии байналмилалӣ, шабоҳат ва тафовути ҳодисаҳои адабиро дар адабиёти халқҳои гуногун меомӯзад. Монандии ҳодисаҳои адабӣ ё ба шабоҳати инкишофи иҷтимоӣ ва адабии халқҳо ё ба равобити маданию адабишон вобаста аст. Ҳолати якум шакли типологии мутобиқати адабӣ ва дуюм шакли робита ва таъсири процесси адабӣ мебошад. Ин ду шакли равобити адабӣ аз ҳам ҷудо нестанд, вале баромехтани онҳо дар тадқиқи равобити адабӣ низ шоиста нест, зеро дар ин ҳол хавфи ба таъсири адабӣ табдил додани робитаҳо ба вуҷуд хоҳад омад. Шарти асосии омӯзиши муқоисавии адабиётхо қонунияти ягонаи инкишофи иҷтимоию таърихии инсоният аст. Ҳатто дар мавриди набудани робитаи бевоситаи адабӣ, дар сурати мувофиқати авзои иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадани умумияти типологии адабӣ мумкин хоҳад буд. Мавзӯи баҳси М. м.-т. муқоисаи адабиёти ду ё зиёда халқҳо, эҷодиёти нависандагон ва ҳатто асарҳои ҷудогона шуда метавонад. Муносибатҳои адабиёти халқҳои гуногуни олам, ки бо инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст, инкишофи марҳилавии ҳамаи адабиётҳо ва дар зимни ин марҳилаҳо ба ҳам мувофиқат кардани онҳо мебошад. Мас., халқҳои Шарқу Ғарб дар ибтидои феодализм давраи инкишофи эпоси қаҳрамонии халқиро аз cap гузаронидаанд. Ё «романҳои халқии» адабиёти асрҳои миёнаи мо ба романҳои рыцарии («ҷавонмардӣ») халқҳои Европа мутобиқати азиме доранд. Адабиёти халқҳои Европа якчанд давраҳои ба ҳам муштарак, давраҳои Эҳё, классицизм, романтизм, реализми танқидӣ ва натурализмро аз cap гузаронд. Ҳоло реализми социалистӣ на танҳо методи адабиёти советӣ, балки методи асосии адабиёти халқҳои зиёде шудааст. Дар олам халқе нест, ки бе робитаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ ва адабӣ бо дигар халқҳо вуҷуд дошта бошад. Халқи тоҷик аз қадим бо мардуми Ҳиндустон робитаҳои маданию адабӣ дошт. Ҳатто чандин асарҳои адабию ахлоқӣ, мисли «Калила ва Димна» аз ҳиндӣ ба адабӣёти тоҷик гузаштаанд. Ташаккули адабиёти забони дариро дар давраи ислом бе шакли шеъри араб наметавон тасаввур кард. Лекин равобит ва таъсири адабиро ба тарзи сунъӣ, аз интиқоли қонунҳои шаклу мазмуни як адабиёт ба адабиёти дигар донистан раво нест. Мувофиқати эҳтиёҷи маънавии як халқ ба шаклу мазмуни адабиёти халқи дигар аз рӯи қонуни диалектикӣ ба амал меояд. Яке аз шаклҳои маъмули равобити адабӣ таъсири адабиёти халқҳои пешқадам ба халқҳои дигар мебошад. Таъсиру эътиборе, ки адабиёти рус 64 адабиёти дигар халқҳои советӣ дорад, мувофиқи талаботи ҳамин қонун аст. Робитаҳои адабии байни халқҳои гуногун ҳодисаи таърихист ва дар ҳар давру замон шаклҳои гуногун хоҳад гирифт. Омӯзиши робита ва таъсири байни адабиётҳои олам дар acocи М. м.-т. аз а. 19 ривоҷ гирифтааст (Гёте ва ақоиди ӯ дар бораи «адабиёти ҷаҳонӣ»). Саромади М. м.-т. дар Россия А. Н. Веселовский мебошад. Дар «Поэтикаи таърихӣ» (1870—1906) ӯ кӯшидааст, дар доираи адабиёти умумӣ материали адабиётҳои ғарбиву шарқӣ ва славяниро ҷамъ оварда, қонуниятҳои инкишофи ҷараёни адабиро нишон бидиҳад.

Аз соли 1955 Ассоциацияи байналхалқии адабиётшиносии муқоисавӣ (марказаш Париж) амал менамояд, ки якчанд конгрессҳо гузаронида дар нашрияи махсусе материалҳои онҳо ба табъ расидаанд (International comparative literature association. Procedings of the Congress», V.1—6, 1955—70). Дар адабиётшиносии советӣ масъалаи омӯзиши муқоисавии адабиётҳои сермиллати советӣ, таъсир ва робитаи байни онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Соли 1960 Институти адабиёти ҷаҳонӣ доир ба ин масъала мубоҳисае ташкил намуд. Баъдтар Институти мазкур ба тайёр кардани асари 10-ҷилдаи «Таърихи адабиёти умумиҷаҳонӣ» шурӯъ кард.

Ад.: Взаимосвязи и взаимодействия национальных литератур. Материалы дискуссии, М., 196,1; Ломидаег., Методологические вопросы научения взаимосвязей и взаимообогащения советской литературы, М., 1963; Взаимосвязи и взаимодействия литератур мира. Библиография (1961—4965), ч. 1—2, М.. 1968; хамон асар (1966—1970), ч. 1—2, М., 1973.

Х.Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …