Маълумоти охирин

МЕТОДИ БАДЕӢ

МЕТОДИ БАДЕӢ, системаи принципҳое, ки ҷараёни эҷодӣ асарҳои адабиёт ва санъатро идора мекунанд. Категорияи Методи бадеӣ охири солҳои 20 асри 20 пайдо шуда, яке аз мафҳумхои асосии назарияи марксистки эҷодӣ бадеӣ гардид. Илми марксистӣ ҳама гуна шарҳу тафсирҳои ғайриақлии ҷараёни эҷодиро инкор карда, асосан характери бошуурона ва бо мақсади фаъолияти эҷодиро ба инобат мегирад. Ҳам мантиқи ботаникӣ асарҳои санъат ва ҳам рисолаҳои назарии санъаткорон ин маъниро тақвият медиҳанд. Азбаски методи санъаткор дар муҳити муайяни иҷтимоӣ ва маданӣ шакл мегирад, бо вуҷуди нодир буданаш, бо методи санъаткорони дигар то андозае умумият дорад. Бинобар он муҳаққии санъату маданият метавонад сохти умумии Методи бадеӣро, ки асоси ҷараёну услубу равияҳост, муайян намояд. Аз ин рӯ, Методи бадеии классицизм, романтизм, реализми танқидӣ ва ғ. мегӯянд. Методи бадеӣ дар рафти инкишофи эҷодиёти нависанда, зери таъсири ҷаҳонбинии ӯ ташаккул меёбад. Агар дар ҷаҳонбинии санъаткор дигаргунии ҷиддӣ рӯй диҳад, Методи бадеии ӯ низ тағйир меёбад (мас., гузаштани А. С. Пушкин аз методи романтикӣ ба реалистӣ). Илова бар ин агар ҷаҳонбинии нависанда зиддият дошта бошад, дар М. б. низ зиддиятҳо мушоҳида мешавад, ки инро Ф. Энгельс дар мисоли эҷодиёти О. Бальзак ва В. И. Ленин зимни таҳлили ақоиду осори Л. Н. Толстой нишон додаанд. Дар масъалаи фаҳмиши конкретии Методи бадеӣ, унсурҳои он ва робитааш бо услуб байни адабиётшиносони советӣ (Г. Н. Поспелов, Л. И. Тимофеев, Ю. Б. Борев ва диг.) фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Азбаски санъат аз чор ҷузъи асосӣ: маърифати ҳаёт, баҳо додан ба он, эҷоду офариниш ва тасвир намудани он таркиб меёбад, бинобар он Методи бадеӣ бояд чаҳор принцип дошта бошад. Принципи маърифатии вай муайян мекунад, ки қувваи маърифати бадеӣ ба кадом ҷиҳати ҳастӣ (мас., ба муҳити иҷтимоӣ ё биологӣ) моил аст ва куллу ҷузъро дар образ чӣ гуна ба ҳамдигар таносуб медиҳад; принципи баҳодиҳӣ хусусияти системаи арзишҳои ба миён овардаи санъаткор (динӣ ё дунявӣ, граждани ё зидди сиёсат) ва тарзи ифодаи онро (ошкоро ё пинҳонӣ) муайян мекунад. Принципи эҷод тарзҳои ба образи бадеӣ табдил додани ҳодисаҳои ҳаётӣ (ҳақиқат ва ё ғайри ҳақиқат) на тарҳи материалии шаклҳои адабиро муайян менамояд. Ниҳоят принципи аломатӣ (семиотикӣ) тарзи ба забони адабӣ («каломи бадеъ») табдил додани тарҳи мазкурро муайян мекунад. Яке аз хусусиятҳои муҳими методи реализми социалистӣ он аст, ки дар ин Методи бадеӣ ҳамаи ни принципҳо баробар зуҳур меёбанд.

Ад.: Тимофеев Л. П., Основы теории литературы. Э изд., М., 1966; В о-роо Ю. В„ Эстетика, М., 1969; Наган М. С., Лекции по марксистско-ленинской астетикс, JI., 1971; Поспелов Г. Н., Проблемы исторического развитии литературы, М.. 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …