Маълумоти охирин

МЕТОД

МЕТОД (аз юи. methodos — тарифаи тадқиқ ё маърифат, назария, таълимот) маҷмӯи услубҳои омӯзиши назарӣ (дар улум) ё амалии (дар фунун) воқеият аст, ки барои ҳалли масъала ё вазифан муайян мутобиқ мебошад. Ба сифати Метод системаи амалиёт ҳангоми кор бо дастгоҳи муайян, тарзи тадқиқотҳои илмӣ ва ифодаи материал, тарам интихоби бадеӣ, ҷамъбасти материал аз мавқеи ягон идеяи эстетика ва ғ. хизмат карда метавонад. Метод дар фалсафа тарзи ба вуҷуд овардан ва асоснок кардани системаи донишҳои фалсафиро ифода менамояд. Методи фалсафаи марксист-ленинӣ диадектикаи материалистӣ мебошад. Мазмуну мундариҷаи асосии Методи илмро пеш аз ҳама назарияҳои илмии дар амал озмудашуда ташкил недиҳад. Ин қабил назарияи илмӣ дар вақти таҳияи дитар назарияҳо (дар худи ҳамин ва ё ҳатто дар соҳаҳои дигари дониш) ҳамчун Метод амал мекунад. Аз ин рӯ, байни Метод ва назария зотан фарқи функционалӣ ҳасту бас. Инкншофи мунтазами Методи дониш ва тадқиқи он асосан дар аҳди ҷадид, вақте ки илмҳои таҷрибавӣ ба вуҷуд омаданд, cap шуд. дар воқеъ, барои ба амал баровардани таҷриба Методҳое лозим буданд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои дақиқу аниқ имкон диҳанд. Аз ҳамон вақт cap карда такомули Метод як ҷузъи таркибӣ ва муҳими инкишофи илм ҳисоб меёбад. Системаи ҳозираи Методҳои илмӣ мисли худи илм гуногун аст. Методҳои мавҷуда илмро ба синфҳои гуногун ҷудо мекунанд: Методи эксперимент, Методи таҳлилутафтиши маълумотҳои таҷриба, Методи таҳия ва озмоиши назарияҳо ва ғ. Аз рӯи таснифоти дигар Методи фалсафӣ, Методи умумилмӣ ва Методи илмҳои конкретиро аз ҳам фарқ мекунанд. Методҳоро ба Методи миқдорӣ ва Методи сифатӣ низ тақсим мекунанд. Дар илми муосир Методҳоро аз рӯи шаклҳои маъмули сабабият низ тасниф мекунанд, ки он аҳамияти калон дорад: Методи датерминистӣ ва Методи эҳтимолӣ. Вусъати робитаи илмҳо боиси он мегардад, ки натиҷаҳо, моделҳо ва Методҳои як фан дар дигар соҳаи илм (аз ҷумла фаззои начандон тараққикарда) низ ба кор меоянд ва васеъ татбиқ мешаванд (чунончи Методҳои физика ва химия дар биология ва тиб). Аз ин ҷост, ки дар боби Методи тадқиқи байниилмӣ масъала ба миён омад. Торафт мафҳум шуда рафтани илми ҳозиразамон бошад, зарурати таъбиру маънидоди махсуси натиҷаҳои тадқиқотро ба миён овард. Ба ин муносибат Методи таъбири маълумоти илмӣ баррассии методологӣ қарор гирифтааст. Аз тарафи дигар, зарурати таълифи назарияи ягонаи Методҳои илмӣ, ки аввалҳо ба миён омада буд, акнун амри маҳол менамояд. Аз ин рӯ, вазифаи амалпазиру аҳамиятноки методология на аз таҳияи чунин назария, балки аз тадқиқи таркиби муштарак ва типологияи Методҳои мавҷудаи илмӣ, ошкорсозии равияҳои инкишофи робитаи ботинии онон иборат аст. Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин масъала ба мақоми аслии Методи фалсафӣ дар ҷараёни дониш дахл дорад. Бино ба таърихи маърифат, ягона Методе, ки ба объекти тадқиқот

айнист, диалектикаи материалистӣ мебошад. Методи фалсафӣ дар илм ба воситаи диг. Методҳои конкретӣ амал мекунад. Чунончи, принципи таърихӣ дар биология, астрономия, геология барин фанҳои конкретӣ асоси методологии таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар илмҳои ҷамъиятӣ бошад, вазифаи Методи умумиро материализми таърихӣ адо мекунад.

Ад.: Ниг. ба мақолаи Методологӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …