Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРОЛОГИЯ

МЕТЕОРОЛОГИЯ

meteorologiyaМЕТЕОРОЛОГИЯ (аз юн. meteoros — боло бардошташуда, осмонӣ, meteora — ҳодисоти атмосферӣ ва осмонӣ ва… логия), илмест дар бораи атмосфера ва процессҳои дар он ба амалоянда. Қисми асосии Метеорология физикаи атмосфера аст, ки ҳодисаю процессҳой физикии атмосфераро тадқиқ мекунад. Процессхой химиявин атмосфераро химияи атмосфера — фасли нави босуръат тараққикунандаи Метеорология меомӯзад. Тавассути методҳои назариявии гидроаэромеханика омӯхтани процессҳои атмосферӣ вазифаи динамикаи метеорологӣ аст, кп яке аз масъалаҳои асосии он коркарди методҳои ададии пешгӯии обу ҳаво мебошад. Фаслҳои дигари Метеорология инҳоанд: илми обу ҳаво ва методҳои пешгӯии он — метеорологияи синоптикӣ ва илмӣ иқлимҳои Замин — иқлимшиносӣ (климатология), ки худ ба илми мустақил табдил ёфтааст. Таъсири омилҳои атмосфериро ба процессҳои биологӣ биометеорология меомӯзад, ки он дар навбати худ Метеорологияи хоҷагии қишлоқ ва биометеорологияи одамро дар бар мегирад. Сохт ва таркиби қабатҳои баланди атмосфераи Замин, та-шаккули абру боришот ва усулҳои танзими онҳо, гармиивазшавӣ дар қабатхои баланди атмосфера, ҷараёни ҳаво, таъсири мутақобили массаҳои ҳаво ва ғ-ро аэрология меомӯзад. Тавсифи дигар фаслҳои Метеорологияро ниг. дар мақолаҳои Актинометрия, Акустика, Оптикаи атмосферӣ.

Тадқиқотхои метеорологӣ аз давраи атиқа ин ҷониб (Арасту) гузаронда мешаванд. Метеорология аз нимаи якуми асри 17, вақте ки олимони италиявӣ Г. Галилей ва Э. Торричелли нахустин асбобҳои метеорологӣ — барометру термометрро сохтанд, босуръат инкишоф кард. Омӯзиши қонунияти процессҳои атмосферӣ дар асрҳои 17—18 оғоз ёфт. Аз корҳои он давра тадқиқотҳои М. В. Ломоносов ва Б. Франклин ҷолиби диққатанд, ки онҳо ба омӯзиши ҳодисаҳои электрӣ дар атмосфера диққати махсус медоданд. Тадқиқотҳои эмпирии циркуляцияи атмосфера бо мақсади асосноккунии методҳои пешгӯии обу ҳаво дар асри 19 рӯ ба инкишоф ниҳод. Корҳои У Ферелл дар ШМА ва Г. Голмгольц дар Германия ба тадқиқоти соҳои динамикаи ҳаракатҳои ҳаво acoс гузоштанд. Дар миёнаи асри 20 дар омӯзиши гирдгардиши умумии ҳаво методҳои динамикии Метеорология ҳоло инкишоф ёфт. Бо ёрии онҳо метеорологҳои америкоӣ  Ҷ. Смагоринский ва С, Манабе харитаҳои умумиҷаҳонии ҳарорати хаво, боришот ва диг. элементҳои нетеорологиро тартиб доданд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ як қатор муассисахои илмии метеорологӣ сохта шуданд, ки маркази гидрометеорологии СССР (собиқ Институти марказии пешгӯии обу ҳаво), Расадхонаи марказии аэрологӣ, Институти физикаи атмосфераи АФ СССР ва ғ. аз ҷумлаи онҳоаяд. Асосгузори мактаби советии Метеорологияи динамикӣ А. А. Фридман мебошад. Дар корҳои ӯ ва диг. олимон қонунияти ҳаракатҳои атмосферии гуногунмиқёс тадқиқ шудаанд. Олимони Иттифоқи Советӣ дар бобати ба процесси атмосферӣ таъсири фаъолона расондаи натиҷаҳои муҳим ба даст оварданд. Таҷрибаҳои таъсиррасонӣ ба абрҳою боришот, ки Д. И. Оболонский cap карда буд, дар солҳои баъдиҷангӣ вусъат ёфтаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳое, ки таҳти роҳбарии Е. К. Фёдоров гузаронда шудаанд, нахустин системае ташкил гардид, ки ба кам кардани жолаборӣ дар терр-ҳои калон имкон медиҳад (мас., экспедицияҳои зиддижола дар водиҳои Ҳисори РСС Тоҷикистон ва Фарғонаи РСС Ӯзбекистон ниг. Жола).

Дар Метеорологияи муосир кашфиётҳои навтарини физика ва техникаро ҳамаҷиҳата истифода мебаранд. Чунончи барои мушоҳидаи ҳолатҳои атмосфера аз радифҳои метеорологӣ (ниг. Радифи метеорологӣ) ва дар Метеорологияи назариявӣ комиютерҳоро васеъ татбиқ менамоянд. Ба корҳои илмию амалӣ оид ба М. Умури гидрометеорологии СССР, ки соли 1929 ташкил ёфтааст, роҳбарӣ мекунад. Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ аз дигар муассисаҳои байиалхалқии метеорологӣ фаъолияти умурҳои обу ҳавои мамлакатҳои гуногунро идора мекунанд.

Ад.: Тверской П. К.. Курс метеорологии, Л.. 1002; Метеорологии и гидрология аа 50 лет Советской власти, Л. 1967; Фёдоров Б. К., Часовые погоды, Л„ 1970.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …