Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТИКА

МЕТЕОРИТИКА

meteoritМЕТЕОРИТИКА, (шиҳобшиносӣ), як фасли илмест, ки моддаи метеориро дар ҳамаи ҳолат ва зуҳуроти он меомӯзад. Метеоритика ҳаракати ҷирмҳои метеориро дар фазои байни сайёраҳо ва дар атмосфераи Замин, таъсири мутақобили моддаҳои метеориро бо атмосфера ва шароити афтиши метеоритҳоро ба рӯи хок тадқиқ мекунад. Метеоритика инчунин таркиби химиявию минералӣ, сохту сиришт, хосиятҳои физикӣ ва қонуниятҳою алоқамандии унсурҳои метеоритҳоро низ муоина мекунад. Вазифаи асосии илмии Метеоритика— омӯхтани пайдоишу ташаккули метеоритҳо мебошад. Метеоритика дар баробари методҳои хоссаи худ аз методҳои астрономия ва физика, химия ва минералогия, геофизика ва геохимия, петрография ва геология, металлургия ва ғ. низ истифода мебарад. Метеоритика охири а. 18 ба вуҷуд омад. Худи истилоҳи «Метеоритика»-ро ба илм бори аввал олими рус Ю. И. Симашко (1889) дохил кардааст. Метеоритика махсусан солҳои 70 асри 20 инкишоф ёфт. Дар СССР тадқиқотро дар соҳаи Метеоритика Комитети метеоритҳои АФ СССР роҳбарӣ мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …