Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТИ СИХОТЭ-АЛИН

МЕТЕОРИТИ СИХОТЭ-АЛИН

sikhote-alinМЕТЕОРИТИ СИХОТЭ-АЛИН, метеорити азими Ошанин, ки 12 феврали 1947 дар шохаҳои ғарбии қ-кӯҳи Сихотэ-Алин ба Замин афтидааст. Метеорити Сихоте-Алин дар баландии 4—5 км аз сатҳи Замин пора шуда, ба намуди борони метеоритии оҳанӣ фуӯу рехт. Дар ҷои афтиши пораҳои калонтарини Метеорити Сихоте-Алин танураҳо (диаметрашон аз 4 то 28 м) ба вуҷуд омаданд, пораҳои хӯрд бошанд, дар майдони 3 км2 пароканда шуданд. Массаи якҷояи шикастапораҳо ва метеоритҳои алоҳида, ки дар ҷои афтиш ёфт шудаанд, 37 т буда, массаи метеорити калонтарин 1745 кг мебошад. Моддаи Метеорити Сихоте-Алин асосан аз оҳан (93%), никел (6%) ва миқдори нами фосфор, кобалт, сулфур ва мис иборат буд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …