Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАН

МЕТАН

metanМЕТАН, гази ботлоқӣ, гази кон, СН4, карбогидриди якуми қатори гомологии карбогидридҳои сер (алканно). М. гази сӯзанда, берангу бӯй; t ҷӯш.— 164,5° С, t гуд.— 182,5° С, зичиаш нисбат ба ҳаво 0,554 (20е С); ҳангоми бо ҳаво якҷоя шудан (дар сурати ба 5—15% расидани концентрацияаш) омехтаи тарканда ҳосил мекунад. М. қисми таркибӣ ва асосии газҳои табиӣ (77— 99%-и ҳаҷми умумӣ), газноибонефт ҷудо мешудагӣ (31—90%) ва газҳои кон (34—40%) мебошад. Атмосфераи баъзе сайёраҳо (Зуҳал, Муштарӣ) асосан аз Метан иборат аст. Метании сунъиро бо роҳи коркарди термин ангишт ва нефт ҳосил мекунанд. Метани табиӣ ҳангоми пӯсиши моддаҳои органикӣ бо таъсирн бактерияҳои метаниоксидкунанда дар сурати нарасидани ҳаво пайдо мешавад. Метан чун сӯзмшворӣ ва ашё, барои ҳосил кардани пайвастҳои органикӣ (ацетилен, хлороформ, формалдегид ва ғ.) истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …