Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕТАЛЛУРГИЯ

МЕТАЛЛУРГИЯ

metalurgiyaМЕТАЛЛУРГИЯ (аэ юн. motallur-geo — коркарди металлҳо), як соҳаи истеҳсолот, техника ва илм буда, ороцессҳои аз пайвастҳои табиӣ ё материалҳои диг. ҳосил кардани металлу хӯлаҳо ва инчунин процессҳои дигаргун шудани хосиятҳои хӯлаҳои металлҳоро (аз сабаби тағйири сохт ва таркиби химиявии онҳо) дар бар мегирад. Металлургия ҳамчун соҳаи саноат аз истеҳсоли металлҳои сиёҳ, ранга ва хӯлаҳои он ҷо (ниг. Металлургияи сиёҳ, Металлургияи ранга), металлургияи хока, истеҳсолоти рехтагарӣ, коркарди металлҳо таҳти фишор, кафшер, коркарди термикии металлҳо, коркарди химиявию термикии металлҳо, металлизация иборат аст. Металлургияи сиёҳ (процессу технологияҳои истеҳсоли хӯлаҳои оҳании карбондор аз маъданҳои оҳан) металлургияи чӯян, пӯлод ва истедҳолоти феррохӯлаҳо (хӯлаҳои оҳан)-ро дар бар мегирад. Чӯян дар кураи домнавӣ, пӯлод дар кураи мартенӣ, конвертор, кураҳои электрии камонӣ ва индукционӣ, феррохӯлаҳо дар кураҳои домнавию электрӣ гудохта мешавад. Чӯянро дар шаклӣ рехта ё моеъ барои истеҳсоли пӯлод истифода меоаранд. Маҳсулоти истеҳсолоти пӯлодгудозӣ пӯлоди рехта мебошад. Заводҳое, ки цикли пурраи металлургӣ доранд, пӯлодро дар шаклҳои тасма, болор, гулба, симтаноб, моделҳо ва ғ. прокат мекунанд. Барои хушсифат намудани пӯлод аз методи вакуумоҳои баъдикуравӣ, коркард бо дажголҳои синтезӣ ва газҳои инерти гудозиши дубораи электродажголӣ ва вакуумӣ истифода мебаранд. Гуногунии тарзи истеҳсолоти Металлургияи ранга ба характери полиметаллӣ ва миқдори ками металл доштани маъдан до вобаста аст. Ҳангоми пирометаллургия коицентрати аз металл бойро гудохта, металлашро ҷудо карда, тоза (рафинация) мекунанд. Дар усули гидрометаллургӣ пайвастҳои металлҳоро аввал дар об ҳал намуда, бо кислота ё ишқорҳо ба реакция дароварда, баъд аз маҳлул худи металлро ба воситаи электролиз ҷудо карда мегиранд. Металлҳои paнгаи сабукро аз электролизи пайвастҳои химиявии гудохташуда ҳосил мекунанд. Аз усулҳои химиявӣ-термикӣ, сублимация, Дистилляция, амалгамиронӣ ва ғ. низ истифода мебаранд. Дар М.-и ранга процесси металлургияи илазмавӣ низ татбиқ шуда истодааст. Металлургияи хока процесси аз хокаи металлҳо дар натиҷаи прсссонидаи тайёр кардани предметно (деталҳо)-и дорои шаклу андозаи муайяне мебошад, ки онҳоро (якчоя бо прессонидан о баъдтар) барои пайдо кунонидани хосиятҳои зарури нагудохта гарм мекунанд. Истеҳсолоти рехтагарӣ як соҳан Металлургия ба ҳисоб рафта, дар он предмети рехташаванда дар натиҷаи бо металл ё хӯлаи гудохта пур кардани холигиҳои ҷолиб ҳосил карда мешавад. Дар мавриди коркард таҳти фишор, сохт ва хосияти физикию механикии металлу хӯлахо тағйир ёфта, деформация мешаванд ва шакли матлубро мегиранд. Кафшер процесси технологии ҳосил кардани деталҳои дорои пайвасти ҷудонашаванда мебошад. Бо усулҳои электрӣ ва газӣ гудохта кафшер кардан маъмултарин усул ба ҳисоб меравад. Процесси лаҳимкорӣ ба кафшер монанд аст. Дар ин маврид металлҳои гудохта байни ҳам хӯла хосил мекунанду рӯи деталҳои пайвастшавандаро пӯшонда, баъди хунук шудан онҳоро ба ҳам сахт мепайванданд. Коркарди терми ба тағйир ёфтани сохти дохилии металлу хӯлаҳо дар режимҳон гуногуни ҳарорат (гармӣ ва хунукӣ) асос ёфтааст. Ҳангоми коркарди химиявӣ-термикӣ дар сатҳи металлу хӯлаҳо ба таври диффузионӣ элементҳое, ки хосиятҳои онҳо (сахтӣ, дерфарсудашавӣ, тобоварӣ ва коррозия ва ғ.)-ро тағйир медиҳанд, ҷой мегиранд. Ба ғайр аз ин, процессҳои цементация, нитронй, алюминиронӣ, цианиронӣ, хромиронӣ ва ғ. низ истифода мешаванд. Коркарди термӣ ва химиявӣ-термӣ дар з-дҳои металлургӣ, цехҳо ё шуъбаҳои термӣ з-дҳои мошинсозӣ гузаронида мешаванд. Металлизация (бо диг. металлҳо андудани сатҳи металлу хӯлаҳо) бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тобоварӣ ба коррозия, гармӣ, фарсоиш ва барои оро додан кор фармуда мешавад. Дар баробари усулҳои васеъ татбиқшавандаи бо роҳи электролитӣ ва химиявӣ такшонда андудан, ба гудохтаҳо гуточдан, плакиронӣ, бо гарди металл рӯйпуш кардан, усули плазмавии бо гарди никел, хром, бор ва элементҳои диг. андудани сатҳи хӯлаҳои танакордошта низ перспективноӣ ба шумор меравад. М. ҳамчун илм дар заминаи муваффақиятҳои металлшиносӣ, физикаи металлҳо, физикаи химиявӣ, термодинамика ва ғ. ривоҷу равнақ ёфта истодааст.

Ад.: Общая металлургия, под ред. Е. В. Челищева, М., 1971; Основы металлургии, т. 1—6, М., 1961—73.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …