Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕТАЛЛООПТИКА

МЕТАЛЛООПТИКА

metalМЕТАЛЛООПТИКА (аз металл ва оптика), як фасли оптика буда таъсири мугақобили металлҳо ва мавҷҳои электромагнитиро меомӯзад. Ба хосиятҳои оптикии металлҳо коэффициентӣ калони инъикос R дар диапазони калони дарозиҳои мавҷ (мас., барои металлҳои ишкорӣ Я~99%) ва коэффициенти калони фурӯбурд X (дар металл мавҷи электромагнитӣ баъди аз қабати ғафсиаш 6 — 0,1 – 1  105 см гузаштан хомӯш мешавад) мансубанд. Ин хосиятҳо бо концеитрацияи баланди электронҳои ноқилият дар металл алоқаманданд. Электронҳои ноқилият дар як вақт ҳам бо мавҷҳои электромагниии ба сатҳи металл афтанда ва ҳам бо ионҳои лаппандаи панҷараи металлӣ мутақобилона таъсир мекунанд. Қисми асосии энергияе, ки онҳо аз майдони электромагнитӣ мегиранд, дар намуди мавҷҳои сониявӣ афканда мешавад. Ин мавҷҳо якҷоя шуда, мавҷи инъикосшавандаро ташкил медиҳанд. Он қисми энергияе, ки ба панҷара дода мешавад, боиси дар дохили металл хомӯш шудани мавҷ мегардад. Электронҳои ноқилият кванти ҳар қадар хурди энергияи электромагнитӣ Асоро ҳам фурӯ бурда метавонанд (Л — собитаи Планк, CD — басомади афканиш). Бинобар ин онҳо хосиятҳои оптикии металлро дар ҳама диапазони басомади муайян мекунанд. Бо афзудани саҳми электронҳои ноқилият дар муайян кардани хосиятҳои оптикии металлҳо ва аз ин рӯ фарқи байни металлҳову диэлектрикҳо низ кам мешавад.

Электронҳои Валентин боқимонда ба хосиятҳои оптикии металлҳо фақат ҳангоми дар фотоэффекти дохилӣ иштирок карданашон таъсир мекунанд.

Дар қисми ултрабунафши спектр коэффициенти инъикос R паст гардида, металлҳо аз рӯи хосиятҳои худ ба диэлектрикҳо монанд мешаванд. Барои басомадҳои боз ҳам калонтар хосиятҳои оптикии металлҳоро электронҳои ҷилдҳои дохилии атом муайян мекунанд ва металлҳо аз рӯи хосиятҳои оптикии худ аз диэлектрҳо фарқе нахоҳанд дошт.

Металлоптика аз рӯи характеристикаҳои оптикии дар диапазони калони спектр ченшуда муайян кардани характеристикаҳои асосии электронҳои ноқилият ва электронҳои дар фотоэффекти дохилӣ иштироккардаро имконпазир мегардонад. Металлоптика аҳамияти амал низ дорад. Оинаҳои металлӣ дар асбобҳои гуногуне истифода мешаваид, ки ҳангоми сохтани онҳо қимати Я ва п (нишондоди шикаст)-ро барои соҳаҳои гуногуни спектр донистан зарур аст. Чен кардани п ва X инчунин ба ошкор намудани пардаҳои тунук (мас., пардаҳои оксидӣ) дар сатҳи металлҳо ва муайян кардани характеристикаҳои оптикии онҳо имконият медиҳад.

Ад.: Строганов В. И., Нелинейная металлооптика, М., 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …