Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛИДҲО

МЕТАЛЛИДҲО

metalidМЕТАЛЛИДҲО, пайвастҳои интерметаллӣ, пайвастҳои металлӣ, фазаҳои интерметаллӣ, фазаҳои мобaйнӣ, пайвастҳои химиявие, ки аз ба ҳампайвастшавии металлҳо ҳосил мешаванд. Ба Металлидҳо пайвастҳои металлҳои мутавассит бо баъзе нометаллҳо (Н, В, С, N ва г.) низ дохил мешаванд. Металлидҳоро дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии металлҳо (дар ҳарорати баланд) ҳосил мекунанд. Таркиби М. ба валентнокии компонентҳои он мувофиқат намекунад, зеро дар М. нисбат ба бандҳои ионӣ ва ковалентӣ банди металлӣ бартарӣ дорад. Солҳои 1912—14 Н. С. Курнаков бо роҳи та залили физикию химиявӣ дар системаҳои металлӣ мавҷуд будани ду типи Металлидҳо — далътонидҳо ва бертоллидҳоро муқаррар намуд. Омӯзиши таркиб ва хосиятҳои Металлидҳо дар металлургия ва истеҳсоли хӯлаҳои гуногун аҳамияти калон дорад. М. барои тайёр намудани хӯлаҳои оташбардор, нимноқилҳо, фавқунноқилҳо, материалҳои антифрикционӣ, хӯлаҳои типографӣ ва ғ. васеъ истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …