Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛ

МЕТАЛЛ

metallМЕТАЛЛ, фулузот, моддаҳои соддаеанд, ки дар шароити муқаррари қобилияти баланди электр ва гармигузаронӣ, коэффициенти ҳароратии манфии электргузаронӣ, қобилитяти ба хубӣ акс кардани мавҷҳои электрмагнитӣ ва хосияти пластикӣ доранд. Металл дар ҳолати сахт сохта кристаллӣ дорад, дар ҳолати бӯр бошад, якатома аст. Ҳамаи хосиятҳои номбаршуда ба сохти электронии Металл вобаста аст. Зиёда аз 80 моддаи содда ва аксари хӯлаҳои металлӣ дорои ин хосиятҳоянд. Металлҳо дар системаи даврии элементҳои Менделеев аз тарафи чапи хати роста аз бор то астат гузаронидашуда ва нометаллҳо аз тарафи рости он ҷойгиранд. Элементҳои дар назди ин хат ҷойгиршуда хосиятҳои ҳам металлӣ ва ҳам нометаллӣ доранд (мас., As, Sb, Bi ва ғ.; баъзан инҳоро нимметалл ҳам меноманд).

Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна 7 Металл (тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурб, оҳан ва симоб) маълум буд. Кимёгарон (алхимикҳо) гумон мекарданд, ки Металлҳо дар қаъри замин аз таъсири сайёраҳо пайдо шуда, бағоят оҳиста такомул ёфта, охир ба нуқраву тилло мубаддал шудаанд. Авв. асри 18 тасаввуроте вуҷуд дошт, ки гӯё Металл аз замин ва флогистон ном мабдаи сӯзиш иборат бошад. Охири асри 18 А. Л. Лавуазье ин тасаввуротро рад карда нишон дод, ки Металл моддаи содда аст. Аввали асри 19 Металлҳои платинӣ, ишқорӣ ва ишқорзаминӣ кашф ва ҳосил карда шуданд; ба ҷудо кардани Металлҳои нодирзамин асос гузошта шуд. Кашф карда шудани ҳодисаи радиоактивӣ охири асри 19 барои бо роҳи сунъӣ ҳосил кардани як қатор Металлҳои радиоактивӣ, аз он ҷумла элементҳои трансуранӣ, имконият дод. Металл як қатор хосиятҳои умумӣ низ дорад, ки ин хосиятҳо натиҷаи алоқаи сусти электронҳои валентӣ бо ядрои атом мебошад. Мас., зуҳури валентнокии мусбат, ҳосилкунии катионҳо, оксидҳо, гидроксидҳо ва ғ. Ҳангоми аз рӯи зиёдшавии потенциалӣ муқаррарӣ пай дар пай гузоштани Металлҳо қатори шиддатнокӣ ё қатори фаъолиятнокии онҳо ҳосил мешавад. Дар ин қатор характери электромусбатии Металлҳо аз Металлҳои ишқорӣ то Pt ва Аи суст мешавад. Ҳамаи Металлҳое, ки аз Н2 бол о ҷойгир шудаанд, гидрогенро аз кислотаи сероб хориҷ мекунанд. Металлҳое, ки аз Н2 поён воқеанд, дар кислотаҳои оксигенҳои (Pt ва Аи фақат дар шаҳшароб) ҳал мешаванд. Металлҳои аввали қатор аз Li то Na бо оксиген дар хунукӣ, аъзоҳои олидаи қатор (ғайр аз Ir, Pt ва Аи) ҳангоми гарм кардан ба реакция медароянд. Оксидҳои дараҷаи пасти Металлҳо хосияти асосро доранд; оксидхои олии онҳо ангидриди кислотаҳо мебошанд. М.-ҳо валентнокии тағиирёбанда доранд. Дар бораи дигар хосиятҳои химиявии Металлҳо ниг. Металлҳо, Гидридуо, Нарбидуо ва ғ.

Металл аз сабаби хосиятҳои мустаҳкамӣ, сахтӣ, устуворӣ ба коррозия, гармитобоварӣ, қобилияти баланди электргузаронӣ ва ғ. доштанашон дар техиикаи имрӯза роли муҳим мебозанд. Ҳамаи Металлҳо ва хӯлаҳои аз онҳо ҳосилшударо ба Металлҳои сиёҳ (оҳан ва хӯлаҳои он) ва ранг (ҳамаи Металлҳои боқимонда ва хӯлаҳои ohҳо ҷудо мекунанд. Металлҳои ранга низ дар навбати худ вобаста ба аломатҳо (хосиятҳои физикӣ ва химиявӣ, характерӣ дар қишри замин ҷойгиршавӣ)-яшон ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: Металлҳои сабук (Al, Mg), Металлҳои вазнин (Си, РЬ ва г.), Металлҳои душворгудоз (W, Мо ва г.), Металлҳои асил (Au, Pt ва р.), Металлҳои нодир (Sc, Y, La, лантаноидҳо) ва ғ. Алоқамандии таркиб, сохт ва хосияти Металлҳо ва хӯлаҳо, инчунин қонунияти тағйирпазирии онҳоро ҳангоми таъсири гармӣ, химиявӣ ва механикӣ металлшиносӣ меомӯзад. Металл дар табиат дар намуди маъдан, баъзан дар ҳолати худрӯй (холис) вомехӯрад. Аз Металлҳои барои техникаи имрӯза муҳимтарин дар қишри замин Fe (4,65%), Al (8,8%), Mg (2,1%), Ti (0,63%) бештар дучор меоянд. Дар бораи ҳосилкунии Металл. ниг. Металлургия.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …