Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАФИЗИКА

МЕТАФИЗИКА

metafizikaМЕТАФИЗИКА, илми барин, мобадуттабиа, 1) «илми» фалсафиест, ки принципҳои фавқуттабиии ҳастиро меомӯзад. Истилоҳи «Метафизика» ба таври сунъӣ пайдо шудааст. Китобдори китобхонаи ш. Искандария Андроники Родосӣ (а. 1 то м.) асарҳои Арастуро аз рӯи мазмун танзим карданй шуда, китобҳои ӯро оид ба «навъҳои аввалини мавҷудот» — «Meta la physika» («баъди физика») номид. Худи Арасту илми дар ин китобҳо баёншударо «фалсафаи нахуст», «илм дар бораи яздон», баъзан «ҳикмат» меномид. Дар фалсафаи буржуазии Ғарби муосир истилоҳи «Метафизика» аксаран ҳамчун муродифи фалсафа истифода мешавад. 2) Методи фалсафиест, ки бар хилофи диалектика инкишофи сифатӣ, худ аз худ инкишоф ёфтани ашё ва ҳодисаҳои олами моддиро инкор карда, тағйироти миқдории онҳоро эътироф мекунад. Ҳар ду мафҳуми болоии Метафизика сайри таърихӣ дорад. Чунончӣ, Метафизика даставвал ҳамчун «илм» дар бораи мояи ҳамагуна мавҷудот пайдо шуда, баъдтар дар зимни табиатшиносии асри 17 ба методи зиддидиалектикӣ табдил ёфтааст. Аввалин бор Метафизикаро Г. Гегель дар шакли идеалистӣ ба сифати методи тафаккури ба диалектика мухолиф истифода бурдааст. К. Маркс, Ф. Энгельс на В. И. Ленин аз ҷиҳати илмӣ беасосии методи метафизикии тафаккурро собит намудаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …