Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕССИНА

МЕССИНА

messinaМЕССИНА (Messina), шаҳр ва бандарест дар Италия, дар соҳили шим. шарқии наз. Сицилия. Аҳолиаш 263 ҳазор нафар (1975). Аз ҷиҳати калонӣ ва аҳамияти иқдисодӣ пас аз Палермо дуюмин шаҳри Назира. Ба воситаи пароми роҳи оҳан бо шаҳрҳои соҳили нимҷаз. Апеннин алоқаманд аст. Корхонаҳои саноати химия, хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кшитисозӣ ва таъмири киштӣ, чӯбгарӣ дорад. Ба хориҷа консервҳои меваҳои цитрусӣ ва сабзавотӣ мебарорад. Дар Мессина университет (аз 1548), ин-ти биологияи баҳр, боғи ботаникӣ, музей мавҷуданд. Серзилзила. Аз ёдгориҳои меъмории асрҳои 12—16 дайру калисо ва фаввораҳо боқӣ мондаанд.

Шаҳр тақрибан соли 730 то м. буньёд ёфта, Занкла ном дошт. Тақрибан соли 493 то м. Мессина ном гирифт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …