Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕССБАУЭР

МЕССБАУЭР

messbauerМЕССБАУЭР (Mdssbauer) Ру­дольф Людвиг (таваллуд 31. 1. 1929, Мюн­хен), физики немис (РФГ). Соли 1955 Омӯзишгоҳи олии техникии Мюнхенро хатм кардааст. Солҳои 1955—57 докторанти Институти Макс Планки Гей. дельберг, 1957—59 дар Омӯзишгоҳи олии техникии Мюнхен, 1960—65 дар Институти технологии Калифорния (аз 1961 проф.) кор кардааст. Аз соли 1965 профессор. Мактаби олии техникии Мюнхен. Корҳои илмии ӯ ба физикаи ядро ва физикаи ҷисмҳои сахт оиданд. Дар соли 1958 ҳодисаи фурӯбурди резонансии квантҳоро аз тарафи ядрои атомҳои ҷисми сахт, ки бетағйврёбии энергияи дохилии ҷисм ба амал меояд, кашф кардааст (эффекти Мёсобауэр). Мессбауэр лауреати Мукофоти нобелӣ (1961).

Ас.: Резонансное ядерное поглоще­ние v-квантов в твёрдых телах без от­дачи, «Успехи физических наук», т. 72, в. 4, I960.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …