Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕЩЕРЯКОВ Василий Иванович

МЕЩЕРЯКОВ Василий Иванович

mesheryakovМЕЩЕРЯКОВ Василий Иванович (тав. 1. 1. 1908, деҳаи Кириклейский Майдан, ҳозира p-ни Инсари вил. Пенза—19.10.1980, Душанбе), коркуни партиявӣ ва советӣ, Қаҳрамони Мехнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1930. Солҳои 1926—28 сардори гурӯҳи бинокорон, 1928—29 раиси шӯъбаи округии Иттифоқи бинокорони Ӯротеппа, 1930—33 сардори управления ва ҷонишини Комиссариати халқии меҳнати РСС Тоҷ., 1933—41 директори МТС-ҳои Конибодом, Панҷакент ва Чиптура, инспектори Управленияи пахтакории Комиссариати халқии РСС Тоҷ, ҷонишини раис ва раиси Бюрои ташкилии Комитети марказии Иттифоци совхозҳои пахтакор ва МТС, раиси Комитети республикавии иттифоқи касабаи совхозҳои пахтакор ва МТС, 1941—42 котиби дуюми Комитети районии партия, 1942—46 мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Комитети партиявии вилоятии Сталинобод, 1946—51 котиби якуми Комитети партиявии pайони Ҳисор, 1951—56 ҷонишини мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ПК Тоҷикистон, 1956—61 реферанти калони шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, 1961—71 ҷонишини мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Управленияи коргузории Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ва аз соли 1971 нафақахӯри шахсӣ. Мещеряков дар инкишофи пахтакории республика саҳми калон гузоштааст. Солҳои 1948—52 номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2 ва 3). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Г. Медведев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …