Маълумоти охирин

МЕЪРОҶ

МЕЪРОҶ (ар.— болоравӣ, нардбон), саёҳати афсонавии Муҳаммад аз Макка ба Байтулмуқаддас бо аспи Буроқ ва аз он ҷо ба олами улвӣ (осмон) барои сӯҳбат бо Оллоҳ, ки гӯё 27-уми моҳи раҷаб баргузор гардида аст. Ба муносибати ин «воқеаи» фавқулода мусулмонон иди Меъроҷ (ё иди раҷаб)-ро ҷорӣ намданд. Бино ба ривоятҳои динӣ, Оллоҳ Муҳаммадро ба сӯҳбати худ сарфароз сохта, ҳангоми ин сӯҳбат гӯё пайғамбар 99 ҳаз. калому ҳикмат омӯхтааст. Ва гӯё «Саёҳат» чунон ба зудӣ сурат гирифта будааст, ки баъди баргаштани Муҳаммад нишастгоҳаш ҳанӯз ҳам гарм ва аз зарфи тасодуфан чаппашуда об нарехтааст. Рӯҳониён ин идро барои тарғиби ақоиди зиддиилмӣ ва барои ҳурофот истифода менамоянд.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …