Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕРКАНТИЛИЗМ

МЕРКАНТИЛИЗМ

merkantilizМЕРКАНТИЛИЗМ (аз итал. тегcante — савдогар, тоҷир), 1) сиёсати иқтисодии мамлакатҳои Европа дар асрҳои 15—18, ки дар замони феодализм оғоз ёфта, ба манфиати буржуазияи навбунёди тиҷоратӣ хизмат мекард. Меристема бо роҳи инкишофи савдои беруна, забти мустамликаҳо ва муборизаи тиҷоратӣ барои тезонидани андухти капиталӣ мамлакат мекӯшид. 2) Ҷараёни иқтисоди сиёсии буржуазӣ, ки ба ақидаи тарафдорони он фоидаро ва гардиши капитал, боигарии миллиро на истеҳсолоти ҷамъиятӣ, балки пул ба вуҷуд меорад. Меркантилистҳо талаб мекарданд, ки аз мамлакат баровардани пул манъ, нуқраву тилло захира карда шавад. Меркантилистҳои номӣ инҳо буданд: У. Стаффорд, Т. Мен (Англия), Ж. Б. Колбер (Франция) ва И. П. Посошков (Россия) ва ғ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …