Маълумоти охирин
Главная / Биология / МЕРИСТЕМА

МЕРИСТЕМА

meristemaМЕРИСТЕМА (аз юн. meristos — тақсимшаванда), бофтаи ҳуҷайра офар, чунон бофтаи растаниро гӯянд, ки қобилияти тақсим ва офариниши ҳуҷайраҳои навро муддати мадид таъмин мекунад. Баъзе ҳуҷайраҳо дар овони эмбрионии инкишоф боздошта мешаванд ва зимни тақсимшавӣ сабзиши мунтазами растаниро таъмин менамоянд. Дигар ҳуҷайраҳои Меристема бошанд, тадриҷан дифференциация шуда, бофтаҳои гуногуни доимӣ (берунӣ, механикӣ, асосӣ ва ғ.)-ро ба вуҷуд меоранд. Меристема аз протомеристемаҳои ҷанин, ки дар Меристемаи болоӣ (апикалӣ) ва паҳлуӣ (латералӣ) инкишоф меёбанд, ҳосил мешавад. Меристемаи болоӣ (қонуси сабзишеърҳои сабзиши навда ва реша) дар ҷанин хеле барвақт мушоҳида мешавад. Ба вуҷуд омадани тухмпалла ва сипас дар қонуси сабзиши навда пайдо шудани манию» барг дифференциацияи Меристемаи паҳлуи (прокамбий ва камбий)-ро ба вуҷуд меоранд. Дар процесси сабзиши растанӣ бофтаи меристемӣ қисман дар баъзе қисмҳои растанӣ (мас., дар реша, банду навда, поя ва ғ.) боқӣ мемонад. ҳуҷайраҳои Меристема нисбатан хурд буда, бо шакл, фаъолияти баланди метаболӣ ва ғ. аз ҳуҷайраи бофтаҳои дигар фарқ мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …