Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕРИНОСҲО

МЕРИНОСҲО

merinosМЕРИНОСҲО (исп. merinos), як навъ зоти гӯсфандҳои маҳинпашм. Ватани ин гуна гӯсфандҳо Осиёи Пеш буда, баъдҳо дар мамлакатҳои соҳили б. Миёназамин, дар нимаи асри 18 дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолӣ, Австралия ва дар охири асри 19 дар Россия паҳн шудааст. Дар аввали асри 20 дар Россия якчанд навъҳои аз дигар мамлакатҳо овардашудаи Мериносҳо (инфантаҳо, негреттӣ, рамбулье) ва инчунин Мериносҳои ба вуҷуд овардаи селекционерони рус (инфантадои русӣ, мазаевӣ, навкавказӣ) парвариш карда мешуданд. Селекционерони советӣ Мериносҳои сергӯшту равғани асканӣ, советӣ, озарӣ, кавказӣ, олтой, ставрополӣ, грозныйгӣ ва ғ.-po ба вуҷуд овардаанд. Пашми Мериносҳо аз торҳои тибитии борик (15—25 мк) иборат аст. Вазни меш-ҳо 40—60 кг, кучқорҳо 80—100 кг. Аз кучқорҳо 8—12 (баъзан то 30,6) кг ва аз мешҳо 4—6 кг пашм метарошанд. Мериносҳоро барои сермаҳсулгардонии гӯсфандони ниммаҳинпашм ва дуруштпашм истифода мебаранд. Мериносҳо дар бисьёр мамлакатҳои дуньё (асосан дар Австралия, СССР, РАЧ), парвариш мешаванд. Дар СССР асосан дар Украина, Қрим, Кавкази Шимолӣ, Поволжия, ноҳияҳои Сибири Ҷанубӣ, РСС Каз., РОС Кирр. парвариш мекунанд.

Ад.: Овцеводство, М., 1963; Руководство по разведению животных, т. 3, М., 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …