Маълумоти охирин

МЕРИMЁ

merimeМЕРИMЁ (Merime) Проспор (27. 9. 1803, Париж— 23. 9. 1870, Каин), нависандаи франсавӣ. Аъзои Академияи Франция (аз с. 1844). Аз оилаи рассом. Факултети ҳуқуқи Университети Сорбоннаро хатм кардааст (1823). Дар маҷм. пьесаҳои романтикии Мермиё «Театри Клара Гасуль» (1825) таваҷҷӯҳ ба мамлакатҳои аҷоибу ғароиб ба назар мерасад. Мермиё ин пьесаҳояшро ба актрисаи хаёлии испания нисбат додааст. Маҷмӯаи Мермиё «Гуэла дар пайравии сурудҳои халқӣ эҷод гардида, характери қаҳрамононро, ки ба зиддияти ҷамъият дучор шудаанд, ошкор менамояд. Воқеаномаи драмавии «Макерия» (1828) ва романи «Таърихи салтанати Карли IX» (1829) гузаштаи таърихии Францияро намоиш медиҳанд. Ӯ дар новеллаҳои худ образҳои барҷаста офаридааст. Мермиё ба адабиёту санъати рус таваҷҷӯҳӣ зиёде дошт; асарҳои А. С. Пушкин, Н. В. Гоголь, И. С. Тургеневро тарҷума кардааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои Мермиё—«Ҳикоёт» соли 1968 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.

Ос.: Собр. соч., т. 1—6, М.. 1969.

Ад.: История французской литературы, т. 2, М., 1956; Паевская А. В.,

Данченко В. Т., Проспер Мериме. Библиография русских переводов и критической литературы на русском языке, 1928—1967, М., 1968.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …