Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕНЖИНСКИЙ Вячеслав Рудольфович

МЕНЖИНСКИЙ Вячеслав Рудольфович

menzhinskyМЕНЖИНСКИЙ Вячеслав Рудольфович (31. 8. 1874, Петербург —10. 5. 1935, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ.

Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1902. Соли 1898 факултети ҳуқуқшиносии Университети Петербургро хатм намуд. Аз соли1895 Дар ҳаракати революционӣ иштирок дошт. Дар Ярославль ва Петербург кори партиявӣ мебурд. Соли 1905 аъзои ташкилоти ҳарбии назди Комитети петербургии РСДРП, аъзои ҳайати таҳририяи газетаи большевикии «Казарма». Соли 1906 ҳабс шуд, аммо аз ҳабс гурехта, ба хориҷа ҳиҷрат намуд. Дар Бельгия, Швейцария, Франция, Америка умр ба cap бурд. Дар ташкилотҳои хориҷии РСДРП кор кард ва дар газетаи большевикии «Пролетария» ҳамкорӣ намуд. Тобистони 1917 ба Россия баргашта, аъзои Бюрои ташкилоти ҳарбии назди КМ РСДРП (б), аъзои ҳайати таҳририяи г-ҳои «Солдат» ва «Правда», комиссари Комитети ҳарбии революционӣ (КХ.Р) дар Банки давлатӣ гардид. Баъди Рев. Октябрь (1917) нахустин Комиссари халқии молия. Солҳои 1918—19 консули генералии РСФСР дар Берлин. Соли 1919 комиссари халқии Инспекцияи коргару деҳқони Украина. Аз ох. с. 1919 аъзои Президиуми Комиссияи фавқулоддаи умумироссиягӣ, аз соли 1923 ҷонишини раиси Управленияи муттаҳидаи сиёсии давлатӣ (УМСД), аз соли 1926 раиси УМСД. Вакили съездҳои 15—17-уми ВКП (б); дар съездҳои 15 (1927) ва 16-уми партия (1930) аъзои КМ ВКП (б) интихоб гардидааст. Аъзои КИМ СССР. Бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх назди девори Кремль дафн шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …