Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНЗБИР

МЕНЗБИР

menzbirМЕНЗБИР Михаил Александрович (4. 11. 1855, Тула —10. 10. 1935, Москва), зоологи советӣ, акад. АФ СССР (1929; аъзо-корр. 1896, аъзои фахрӣ 1926). Соли 1878 Университети Москваро хатм намудааст (аз соли 1886 проф.). Солҳои 1911 —17 профессор. Курси олии занонаи Москва ва солҳои 1917 —19 ректори Университети Москва буд.

Корҳои асосии Мензбир ба орнитология, зоогеография ва анатомияи муқоисавӣ бахшида шудаанд. Бори аввал дар бораи систематика ва биологияи паррандаҳои Россия маълумоти пурра дод. Б асри 6 минтақаи зоогеографӣ (тундра, тайга, ҷангали ҷазирагӣ, дашт, соҳил ва ҷазира, биёбон) тақсимшавии Палеарктикаро муқаррар намуд. Як қатор корҳои Мензбир ба инкишофи дарвинизм бахшида шудаанд. Мензбир— президенти Ҷамъияти москвагии муҳаққиқони табиат (1915—35), асосгузори мактаби орнитологҳо, зоогеографҳо ва анатомҳои Москва.

Ас.: Птицы России, т. 1—2, М., 1893— 95; Охотничьи и промысловые птицы Европейской России и Кавказа, т. 1—2, М., 1900—02; За Дарвина, М., 1927.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …