Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕНШИКОВ Александр Данилович

МЕНШИКОВ Александр Данилович

menshikovМЕНШИКОВ Александр Данилович (16. 11. 1673, Москва—23. 11. 1729, Берёзов, ҳозира Берёзовой вил. Тюмень), арбоби давлатӣ ва ҳарбии рус, генералиссимус (1727), аз наздикон ва ҳаммаслакони Пётри I. Писари аспбони дарбор. Аз соли 1686 денщики Пётри I. Иштирокчии Юришҳои Аъзои (1695—96) ва Сафорати кабир (1697—98). Дар Ҷанги шимолӣ (1700—21), муҳорибаи назди ш. Калиш (1706) ва Муҳорибаи Полтава (1709) корнамоиҳо нишон дод. Аз соли 1702 — граф, аз 1707 — князи олимақом. Баъди вафоти Пётри I бо кӯмаки гвардия Екатеринаро ба тахт нишонд ва амалан роҳбари давлат гардид. Дар аҳди Пётри II дар хиёнати давлатӣ гунаҳкор дониста шуда, молу мулкаш мусодира, худ бо оилааш ба ш. Берёзов (Сибири Ғарбӣ) бадарға карда шуд ва то охири умр он ҷо монд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …