Маълумоти охирин

МЕНГЛЕТ

mengletМЕНГЛЕТ Георгии Павлович (тав. 17. 9. 1912, Воронеж), актёри советии рус. Арт. Халқии РСС Тоҷикистон (1943), Арт. Халқии СССР (1974). В Аъзои КПСС аз соли 1975. Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский ш. Москваро хатм кардааст (таҳти роҳбарии А. Дикий). С-ҳои 1936— 37 дар Театри калони драмаи ш. Ленинград ва 1937—42 дар Театри драмаи русии ба номи В. В. Маяковскии ш. Душанбе кор кардааст. Аз соли 1945—дар ҳайати Театри сатираи Москва, ҳанӯз дар роли аввалини Менглет—Сергей («Леди Макбети уезди Мценский», аз рӯи повести Н. С. Лесков; 1935) хусусиятҳои хоси маҳорати актёрии ӯ зоҳир гардидаанд.

Менглет махсусан дар иҷрои роли қаллобон, корчаллонҳои беҳаё, тамаъкорон ба муваффақияти калон ноил гардидааст: Жорж Дюруа («Ҷаноби Дюруа»-и Г. Мопассан), Победоносиков, Олег Баян («Ҳаммом» ва «Кана»-и В. В. Маяковский) ва ғ. Ролҳои дар саҳнаи Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский иҷрокардаи М.: Паратов, Незнамов («Беҷиҳоз» ва «Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский), Барои («Дар Қаър»-и М. Горький), Листрат («Замин»-и Н. Вирта), Лосенко («Князь Мстислав Удалой»-и И. Прут), Пётр («Модар»-и К Чапек) ва ғ. Солҳои охир дар пьесаҳои: «Ҳабби таги забон»-и А. Макаёнок, «Кафк»-и С. Михалков ва ғ. ролҳои асосиро иҷро кардааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …