Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНДЕС

МЕНДЕС

mendesМЕНДЕС (Addax nasomaculatus), ҳайвони ширхори ҷуфтсумест аз ковокшохҳо. Дарозии танааш то 2 м, баландиаш қариб 1 м, вазнаш то 120 кг. Рангаш ашҳабии қаҳваранг. Мендес шохи дарози (то 90 см) ҳалқа-ҳалқаи лирашакл бо раҳҳои сафед ва дар пешонааш як қабза мӯи сиёҳ дорад. Дар биёбони Сахара вомехӯрад. Барои гӯшт ва пӯсташ мунтазам шикор мекунанд; хеле кам мондааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …