Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕЪМОРӢ

МЕЪМОРӢ

memoriМЕЪМОРӢ, архитектура, навъи фаъолияти эҷодии инсон, ки дар асоси маҳорати техникӣ, қонуниятҳои зебоӣ ва донишҳои илмӣ офаридани (сохтан ва ба лоиҳагирии) типҳои гуногуни иншоотро дар бар мегирад. Вазифаи муҳимтарини Меъморӣ офаридани муҳити мувофиқ барои зиндагию фаъолияти одамон ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддиву маишӣ, иҷтимоӣ ва ғоявию бадеии онҳо мебошад. Меъморӣ қисми таркибии маданияти моддии ҷамъият ва дар айни замон асари санъат ҳам аст. Меъморӣ ҳамчун илм таърихи ин санъат, қонуниятҳои хосу назарияи он, навъ, услуб, ҷараёнҳои Меъморӣ ва ғ.-ро меомӯзад. Дар зимни мафҳуми васеи Меъморӣ муҳити моддии бо меҳнату саъйи инсон офаридашуда — иншооти Меъморӣ (лоиҳакашӣ ва сохтани онҳо), сохтани шаҳру деҳа ва пунктҳои аҳолинишин ва ғ. дар назар дошта мешавад. Меъморӣ қисми зарурин воситаҳои истеҳсолот (Меъморӣ иншооти саноатӣ —анвои биноҳои заводу фабрика, стансияҳои электр ва ғ.) ва воситаҳои моддии хаёти ҷамъияти инсонӣ (Меъмории иншооти гражданӣ — анвои биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, маъмурӣ, тиҷоратӣ ва ғ.) дар бар мегирад. Дар Меъморӣ архитектоника, композиция, таносуби ороишот ва ғ. воситаи асосии офариниши образ мебошад. Навъ ва шаклҳои Меъморӣ инъикоси фарқи хусусиятҳо ва анъанаҳои маишӣ, маданияти миллии халқҳо, дараҷаи тараққиёти техникӣ, инчунин тафовути шароити табиӣ, иқлим, дастрас будани ин ё он масолеҳи сохтмон ва ғ. аст. Типҳои асосии иншооти Меъморӣ инҳоанд: биноҳои истиқоматӣ, маданию маърифатӣ, ҷамъиятӣ, театр, музей, мактаб, стадион, истиқомҳои ҳарбӣ, биноҳои саноатӣ, нақлиёт, тиҷоратӣ, динӣ ва ғ. Азбаски дар як биною иншоот ҷузъи ягон маҳалли аҳолинишин — шаҳр, район, микрорайон ва ғ. аст, бо каҷиву хиёбон, гулгашту майдонҳо ва ғ. комплексҳои Меъмориро ташкил медиҳанд, ки ин боиси ривоҷи яке аз соҳаҳои мураккаби Меъморӣ— санъати шаҳрсозӣ гардид. Асари Меъморӣ дар ҷамъияти синфӣ вобаста ба талаботи иқтисодӣ, иҷтимоиву маишӣ ва идеологии синфи ҳукмрон офарида мешавад ва манфиати ҳамин синфро таҷассум менамояд.

Санъати Меъморӣ дар марҳилаҳои аввали тараққиёти ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст. Одамони ибтидоӣ барои муҳофизати худ аз қувваҳои табиат дар болои дарахтон, мағзорону заминканҳо истиқоматгоҳ месохтанд. Дар охирҳои давраи барбарият истиқоматгоҳи онҳо ба ҷуз воситаи зарурии ба cap бурдани умр, аввалин нишонаҳои санъатро соҳиб мешаванд. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ Меъморӣ инкишоф ёфт, имкониятҳои моддию техникӣ ва бадеии он афзуд. Вобаста ба талабот ва завқи эстетикии ғуломдорон иншооти гуногуни истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, динӣ ва ғ. буньёд гардиданд. Дар Шарқи Қадим (Миср, Байнаннаҳрайн, Бобулистон, Ошур) аҳром, зиккурат барин иншоотҳои бошукӯҳ бунёд гардиданд. Дар Юнони Қадим маъбад, амфитеатр, стадион барин иншооти Меъморӣ пайдо шуда, системаи аниқи баплангирӣ ва бунёди шаҳрҳо ба ҳукми анъана даромад. Дар давраи эллинизм усули ордер асоси конструктивӣ ва бадеии Меъморӣ гардид, ки он дар таърихи Меъморӣ нақши амиқе гузошт. Ордер ҷузъи асосии композицияи Меъморӣ ба шумор рафта, чун меъёри асосии услуби бадеӣ қимат пайдо кард. Истифодаи бетон дар Рими Қадим боиси ривоҷи равоқу гунбазҳои мудаввар гардид. Форум, Тоҷи Зафар барин иншоотҳое пайдо шуданд, ки гӯё инъикоси ҳашамат ва тавоноии ин империя буданд. Дар М.-и асрҳои миёна (асосан Ёвропаи Ғapбӣ) услубҳои романӣ (асрҳои 10— 12), баъдтар логика (асрҳои 12—15) мақоми намоён доштанд. Дар байни биноҳои мӯҳташаму равоқпӯши услуби готика махсусаи ибодатхонаҳо ҷолибанд. Давраи Эҳё (охири асри 15 — ибтидои асри 16) дар таърихи Меъморӣ саҳифаҳои дурахшоне кушода, принципҳои Меъморӣи классикиро вобаста ба талаботи замони нав ривоҷ дод. Дар асоси усули ордер ансамбл ва комплексҳои мураккаби Меъморӣ бунёд гардид. Дар композицияи биноҳои давраи Эҳё пеш аз ҳама, дақиқӣ ва принципҳои» иморатсозии классикӣ ба чашм мерасад. Дар нимаҳои асри 16 ин услуб моҳияташро гум карда, сохтани биноҳои серороишу пурдабдаба расм шуд ва бо ҳамин услуби барокко маъмул гардид. Баъдтар (асрҳои 16—17) аз ин услуби пурҳашаму бодабдаба даст кашидаанд. Дар Меъморӣи асри 17 услуби классицизм, ки ба принципҳои меъмории классикӣ ва Эҳё такя мекард, ба миён омад.

Меъмории Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик низ эҳёи ба худ хосеро аз cap гузаронидааст. Сохтани масҷид, Мадраса, мақбара, корвонсарой, тиму тоқҳои ҳунармандӣ ва ғ., ки дорои ороишоти бой, гунбазу манораҳои бошукӯҳ ва кандакорию нақшунигори беназир буданд, авҷ гирифт. Дар он мамлакатҳои Осиё, ки дини буддоӣ паҳн шуда буд, ба шарафи Буддо маъбаду ҳайкалҳои бошукӯҳ сохта шуданд. Меъмории Русь дар давоми тараққиёти чандинасраи худ аз услубҳои гуногуни бадеӣ баҳравар шуда, иншоот, комплекс ва ансамблҳои нодири Меъмориро падид овард. Дар натиҷаи пайдоиш ва тараққиёти ҷамъияти капиталистӣ аз нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 сохтани типи нави иншооти Меъморӣ (фабрика, завод, станцияи электр, вокзал, магазинҳои универсалӣ ва ғ.) cap шуд. Истифодаи оҳану бетон, конструкцияҳои гуногуни металлӣ ва диг. масолеҳи бинокорӣ (пластмасса, шиша ва ғ) боиси такомули Меъморӣ, пайдоиши техникаи нав ва методҳои пурсамари индустриалӣ гардид. Дар натиҷа имкониятҳои сохтани биноҳои бисьёрқабата афзуда, барои сарфаи меҳнат, масолеҳ ва вақт шароит фароҳам омад. Ҳамаи ин имкониятҳо (масолеҳу техникаи нав, талаботу принципҳои нави композициониву архитектоника, системаи конструктивӣ ва ғ.) дар Меъморӣ як қатор услубу ҷараёнҳои навроба миён оварданд. Равияҳои функционализм, рационализм, конструктивизм, ки хоси қариб ҳамаи мамлакатҳои тараққикардаи капиталистӣ буданд, дар шароити нави таърихӣ саъю кӯшиш барои ҷустуҷӯйҳои тозаи эҷодӣ ба шумор мераванд. Дар шароити социалистӣ мақсади асосии Меъморӣ қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии ҳамаи аъзоёни ҷамъият мебошад. Меъмории советӣ ҳамчун вориси анъанаҳои беҳтарини санъати Меъмории чандон дар муборизаи шаддиди зидди ҷараёнҳои формалистии ҷамъияти капиталистӣ инкишоф ёфт. Аз солҳои 20 cap карда сохтани типи биноҳои гуногун — биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, маъданию маишӣ (қасрҳои маданият шгубҳои коргарон, фабрика-ошхонаҳо, боғчаҳои бачагон, яслӣ ва ғ.) вусъат ёфт. Индустрикунонии мамлакат боиси ба миён омадани марказҳои калони саноатӣ, маҳалҳои истиқоматӣ ва шаҳрҳо гардид, Шаҳрсозӣ ва тармими шаҳрҳои калон аз рӯи плани генералӣ (Москва, 1935; Ленинград 1935—40) вусъат ёфт. Меъморони советӣ дар асоси имкониятҳои мавҷуда вобаста ба шароити маҳалӣ, анъанаҳои миллию бадеӣ, биноҳои замонавию барои зиндагӣ қулайро месозанд.

Меъмории халқи тоҷик таърихи бой ва хеле қадима дошта, дар ҷараёни тараққиёти бисёрасраи худ намунаҳои нодири осори Меъмориро офарид. Дар водиҳои Осиёи Миёна масолеҳи бинокорӣ гилу похса ва дар ноҳияҳои кӯҳистон санг буда, чӯбро низ моҳирона истифода мебурданд. Аввалин намунаҳои осори Меъмории халқи тоҷик ба неолити давраҳои охир (ҳазораҳои 5—3 то м.) рост меояд. Қадимтарин истиқоматгоҳи инсон дар ҳудуди Тоҷикистон дар Кӯҳи Булиёни pайони Данғара ёфт шудааст, ки аз хонаҳои дарози фаршаш сангин иборат буда, дар онҳо як авлод (120—150 кас) истиқомат мекардаанд. Тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи I то м. дар Осиёи Миёна як қатор ш-ҳои калон — Марв, Балх, Самарқанд, дар ҳудуди Тоҷикистон Қалъаи амир ва Кайқубодшоҳ (Қабодиён, асри 3 то м.), Куднақалъа (соҳили Вахт, асри 2 то м.) пайдо шудаанд, ки деворҳои ғафсу баланд ва арк доштанд. Аксари ин шаҳрҳо аз рӯи план сохта шуда, кӯчаҳои рост ва маҳаллаҳои чоркунҷа доштанд. Дар ин шаҳрҳо деворро бо гил ё гаҷ андова карда, андоваи гаҷиро тавассути кандакорию нақшунигори усули гуногуни хиштчинӣ оро медоданд. Дар давраи эллинизми Шарқ таҳти таъсири услуби Меъмории Юнону Рим дар бандубасти биноҳои Осиёи Миёна дигаргуниҳо ба вуҷуд омада, баъзе ҷузъҳои меъморӣ такмил ёфт ва истифодаи санг (дар сутунсозӣ) ва хишти пухта (дар сохтани тоқу равоқҳо) маъмул гардид. Меъморӣ хусусан дар давраи давлати Порт ба авҷи тараққтёт расид. Димнаи пойтахти ин давлат — Нисо гаронбаҳотарин осори санъати Меъморӣ аст. Меъмории давраи Кӯшониён охирин зинаи маданияти эллинии Шарқи Миёна ба шумор рафта (Тали Барзу дар Суғд» Холчиён дар Деҳнав, асри 1 то м., Қаротеппа дар Тирмиз, асри 1—2 м. ва ғ.), анъанаи Меъмории қарнҳои гузаштаро идома додааст. Осори Меъмории ин давраро суратҳои рӯи девор, ҳайкалу муҷассамаҳо, сутунҳои бошукӯҳро додаанд. Аз Меъмории давраҳои аввли феодализм дар Осиёи Миёна (а-ҳои 5—8) осори сершумори қалъ 366 меъроҷ аву кӯшкҳо, инчунин комплекси қасрҳои калон ва шаҳрҳо маҳфуз мондаанд. Дар байни онҳо махсусан кӯшки Чилҳуҷра (наздикии Шаҳристони ҳозира) ва Қалъаи Боло (райони Исфара) мақоми махсус доранд. Дар бандубасти бико низ навигариҳо пайдо шуд. Агар равоқу тоқҳои пешин нимдоира бошанд, акнун сохтани равоқу тоқҳои «румӣ» (пайконӣ) маъмул мегардад. Равоқу гунбазҳоро аксар аз хишт бе истифодаи чӯб, бо ёрии бағала ва шарафа месозанд. Димнаи Панҷакенти Қадим низ оид ба услуби шаҳрсозии Осиёи Миёна маълумотҳои гаронбаҳо медиҳад. Дар осори Меъмории ин давр ороишот бойтар гардида, суратҳои рӯидеворӣ, муҷассамаҳои кандакории чӯбу гаҷ ва ғ. инкишоф меёбад. Истилои араб ва ҷорй шудани дини ислом дар Осиёи Миёна боиси пайдоиши як қатор биноҳои нави м. (мадраса, масҷид, хонақоҳ, манора ва ғ.) гардид. Дар даврви давлати мутамаркази Сомониён (асрҳои 9—10) истифодаи хишти пухта маъмул шуд. Яке аз аввалин биноҳое, ки аз хишти пухта сохта шудааст, мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро мебошад. Ёдгориҳои барҷастатарини Меъмории асрҳои 10—12-и Тоҷикистон мадрасаи Хоҷа Машҳад, мақбараи Хоҷа Сарбоз, мақбараи Хоҷа дурбад (дар Шаҳртуз) мазори кандакории чӯбини Чоркӯҳ (дар Исфара), Қасри Ҳулбук (дар Кӯлоб) ва ғ. мебошанд, ки аз бадеият ва анъанаҳои бои Меъмории халқӣ баҳравар шудаанд. Ба Меъмории асрҳои 14—16 ғояҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва бадеии давраи феодализми Осиёи Миёна хос буда, шукӯҳу салобат ва қудрату тавоноии ҳокимону давлатдоронро намоиш медод. Дар аҳди темуриён дар ҳудуди Тоҷикистон масҷиди Кунгуи бал (дар Ӯротеппа), мақбараи Амирсаиди Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (дар Ленинобод), мақбараи Абдулқодири Ҷелонӣ, мақбараи Боботаго, Сари Мазор (дар Ӯротеппа), мақбараи Маҳдуми Аъзам (дар Ҳисор), масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ (наздикии Душанбе) ва ғ. офарида шудааст, ки бо зебоӣ, шукӯҳу салобат, ороишоти бой ва нафиси худ ҷолиби диққатанд. Ёдгориҳои Меъмории давраи охирҳои феодализм (асрҳои 17—19) мақбараи Холбойқаро (дар Орҷоникидзеобод), мадрасаи Миррачабдодхоҳ (дар Конибодом), мадрасаи Кӯҳна ва масҷиди Сангин (дар Ҳисор), масҷиди Миролимдодхоҳ (дар Панҷакент) ва ғ. мебошанд, ки дар худ бозёфту комёбиҳои осори меъмории асрҳои 14— 16-ро равшан таҷассум намудаанд. Аксари онҳо беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои анъанавии тоҷикон — наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, минокорӣ, хаттотӣ ва ғ. мебошанд. Бандубасти мукаммал, ҳашамат ва назокати ин ёдгориҳо шаҳодати дасти эъҷозофарини меъморони ин сарзаминанд.

Меъмории советии тоҷик ҳамчун узви таркибии Меъмории советӣ дар ҷараёни тараққиёти бештар аз нимасраи худ аз анъанаҳои беҳтарини Меъмории миллӣ, комёбиҳои барҷастаи Меъмории ҷаҳон ва рус баҳравар шудааст. Аввалин биноҳои истиқоматии серошьёна, биноҳои замонавии мактаб, кинотеатру клуб ва идораҳои давлатӣ дар Душанбе, солҳои 30 сохта шуданд. Солҳои 1937—40 планҳои генералии навсозии шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ғ. тасдиқ шуд, ки мувофиқи он симои ин шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тағйир ёфт. Барҷастатарин намунаи биноҳои охири солҳои 30 бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1936—46, меъморон А. А. Юнгер, Д. И. Билибин, В. В. Голли) мебошад, ки дар он анъанаҳои Меъмории аврупоро ҳамчун асос гирифта, ба воситаи нақшунигор, ороишот ва кандакории гаҷ ба бино хусусиятҳои миллӣ бахшидаанд. Ин анъана махсусан дар охири солҳои 40 ва нимаи аввали 50 дар сохтани бинои Хонаи Ҳукуматии РСС Тоҷикистон (1940—49, меъморон С. Л. Анисимов, М. А. Захаров), Китобхонаи республикавии ба номи А. Фирдавсӣ, бинои КМ ПК Тоҷ. (1950, меъмор С. Л. Анисимов), Меҳмонхонаи «Вахш» (меъмор А. Антоненко), Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (меъмор А. Бобохонов), Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъатн тасвирии ба номи К. Беҳзод (меъмор А. Кнопмус) ва ғ. бештар ривоҷу равнақ ёфта, аз ҳамкории, меъморон бо наққошону кандакорони маҳаллӣ шаҳодат медиҳанд. Алалхусус дар ороиш, кандакорӣ ва нақшунигори чойхонаи «Роҳат»-и Душанбе (1956—59, меъморон Д. Д. Гендлин, К. Н. Терлецкий) Қасри маданияти к-зи ба номи С. Урӯнхӯҷаеви p-ни Хуҷанд «кундал», «гиреҳ», «мадохил» барин нақшҳои анъанавӣ ва серобуранги миллӣ истифода шудаанд. Яке аз навтарин биноҳое, ки бо ҳамкории меъморон ва наққошону кандакорон сохта шуд, бинои чойхонаи «Фароғат» (меъморон Г. В. Соломияов, Ш. Зубайдов) дар ш. Душанбе аст. Ҳусни биноҳое, ки с-ҳои 60 дар Тоҷикистон бино шудаанд, дар оддӣ қулай ва зебо будани онҳост. Мисоли равшани ин гуна биноҳо Майдони Айнӣ бо меҳмонхонаи «Душанбе» (1964, меъморон Г. Айзикович ва В. Шелухия) мебошад. Аа соли 1970 дар Душанбе биноҳои замонавии Хонаи Маорифи сиёсӣ (меъморон Э. В. Эрзовский, Ю. Л. Пархов), Хонаи дӯстӣ (меъмор Г. Ю. Айзикович), Марказӣ ҳисоббарории Госплан (меъмор В. М. Лях), хонаи адибони ба номи М. Турсунзода (меъмор Э. Солеҳов) ва ғ. сохта шуд, ки комёбиҳои санъати Меъмории солҳои охирро дар худ таҷассум намудаанд. Тақрибан аз нимаи с-ҳои 60 дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохтани биноҳо аз панелҳои калони оҳанубетон авҷ гирифт. Инкишофи саноати республика солҳои охир ба бунёдшавии шаҳрҳои нави ҳозиразамон — Норак, Регар ва Ёвон мусоидат кард. Дар вилоятҳои Кӯлоб, Ленинобод, ва Қӯрғотеппа як қатор биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурии ҷамъиятӣ сохта шудаад. Меъморони муосир кӯшиш доранд, ки дар биноҳои истиқоматии оҳанубетонӣ низ ороишот ва нақшҳои анъанавии миллиро истифода баранд. Дар микрорайонҳои ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон дар намои бино нақшҳои миллӣ ва дар балконҳо панҷараҳо анъанавиро мебинем. Ниг. низ. РСС Тоҷикистон, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, бобҳои ба санъати Меъморӣ бахшидашуда.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …