Маълумоти охирин

МЕМФИС

memfisМЕМФИС (юн. Memphis, мисрии Меннефер — аз номи макони назди аҳроми фиръавн Пиопи I; номи аввалааш — «Деворҳои сафед»— аз номи қалъае, ки шаҳр дар назди он бунёд шуда буд), шаҳри Мисри Қадим. Дар аввали ҳазораи 3 то м. дар ҳудуди Мисри Боло ва Поён дар соҳили чапи Нил бунёд ёфт. Мемфис калонтарин маркази динӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ҳунармандии Миср, пойтахти Подшоҳии Қадим (асрҳои 28—23 то м.) буд. Дар давраи эллинизм баъди таъсиси Искандария аҳамияти пешинаашро гум кард. Харобаи ибодатхонаи худо Пта (ҳазораи 3 то м.), абулҳавли давраи Подшоҳии Нав ва ду муҷассамаи Рамсеси II (охири асри 14 — миёнаи асри 13 то м.), Серапеум боқӣ мондааст. Қабристони Мемфис бо аҳром ва дахмаҳои подшоҳон ва ашрофон дар наздикии ҳозира Раза, Саккара, Абусир, Дашур воқеъ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …