Маълумоти охирин

МЕМФИС

memfis-2МЕМФИС (Memphis), шаҳрест дар ҷан. ШМА, дар шт. Теннеси. Бандар дар соҳили чапи д. Миссисипи. Узели калони роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард. Аҳолиаш 900 ҳазор нафар (1974, бо атрофаш). Яке аз калонтарин марказҳои иқтисодии ҷануби мамлакат. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли мошинҳои х қ., конструкцияҳои бинокорӣ, асбобҳои электротехникӣ, васл ва истеҳсоли ядагҳои автомобил), чӯбгарӣ. Мемфис маркази муҳими савдост. Аз 6—7 млн т боркашонии солона қисми зиёдашро нефту пахта ташкил мекунад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …