Маълумоти охирин

МЕЛОДРАМА

melodrammaМЕЛОДРАМА (аз юн. melos — суруд, тарона ва драма), 1) жанри драматургия; пьесае, ки ба конфликти тезутунд, эҳсоси муболиғанок, оҳанги пандомез ва ба ҳам муқобилгузории нерӯи некию бадӣ асос ёфтааст. Пайдоиши Мелодрама ба драматургияи демократии охири асри 18 Франция, ки дар он oҳaнгҳои эътирозӣ зидди нобаробариҳои иҷтимоӣ ва ҳурофот бештар ҳис мешуд, қашшоқиву боҳуқуқии халқ, возеҳ тасвир меёфт, вобаста acт.

Шакли ибтидоии Мелодрамаро Ж. Ж. Руссо (сиҳиаҳои лирикии «Пигмалион», 1702) офарида буд (ҳамчунин асарҳои Ж. Мон воль, Э. Сувестр, Ф. Пиа).

Ӯ мақсад дошт, декламация, панто­мима ва мусиқиро ба ҳам пайваста, барои боз ҳам таъсирнок баромадани драмаи психологӣ муваффақ шавад. Ж. Ж. Руссо мусиқиро аз шартиятҳою маҳдудиятҳои операвӣ озод гардонда, онро ба ҳар як ҳиссиёти ботинии персонажҳо мувофиқан таҳия мекард. С-ҳои 30—40 а. 19 давраи нашъунамои ин жанр ба ҳисоб меравад. Дар Россия солҳои 20 асри 19 (пьесаҳои Н. В. Кукольник, Н .А. Полевой ва диг.) пайдо шудааст. Мелодрама тадриҷан моҳияти гуманистиашро аз даст дода, ба он унсурҳои сентимен­тализм ва сюжетҳои сатҳию сохтакорона роҳ меёбад. В. Г. Белинский ва Н. В. Гоголь баъзе асарҳои ин жанрро асри тозиёнаи сахти ташкил гирифта буданд, чунки он асарҳо аз ҳақиқати воқеӣ, аз масъалаҳои му­ҳиму аввалиндараҷаи ҷамъияти рус дур буда, характерҳою ҳодисот ҳам ба таври сохта маънидод мешуданд. Мелодрама ба театр ва драматургияи советӣ аз солҳои аввали Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь роҳ ёфт. М. Горький ва А. В. Луначарский ба он ҳамчун ба дра­маи иҷтимоии дорои рӯҳияи роман­тикӣ баҳо дода, ба ҳимояи Мелодрама баромад карданд. Мелодрама тадриҷан аҳамияти худро гум кард, вале принципҳои он ба спектаклҳои драмавӣ роҳ ёф­та («Маифред»-и Р. Шуман, «Пер- Гюнт»-и Э. Григ, «Шон Лир»-и М. Ба­лакирев), то имрӯз чанде лаҳзаҳои намоишро оро медиҳад. Мелодрама дар эҷодиёти баъзе драматургони муосир (А. Н. Арбузов, Н. Д. Салынский ва диг.) ба назар мерасад. Нишонаҳои Мелодрама дар драматургияи советии тоҷик дар солҳои тавлиду ташаккули он (1929—41) ва минбаъд мушоҳида ме­шавад (пьесаҳои «Санавбар»-и Ра­ҳим Ҷалил. «Духтари ноком»-в Ҷ. Икромӣ, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ ва ғайра). 2) Асари мусиқии драмавӣ, ки ба монологу диалогҳояш мусиқӣ (якҷоя бо матн ё бо навбат) ҷур мешавад. «Орфей»-и бастакорони рус Е. И. Фомин ва Я. Б. Княж­нин (1792) аз беҳтарин намунаҳои чунин Мелодрама ба шумор меравад. Мелодрамаҳои бастакори чехӣ. Бенда (аз ҷумла, «Ариадна дар Наксос», 1774 ва «Ме­лея», 1775) ва бастакори немис К. Г. Нефе («Софонисба», 1782) машҳуранд.

П. Нурҷонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …