Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕЛЬКУМОВ

МЕЛЬКУМОВ

nophotoМЕЛЬКУМОВ Яков Аркадьевич (24. 12. 1866, деҳаи Хирхиани уезди Шунлини губ. Эривань — 1962, Москва), қаҳрамони ҷанги гражданӣ дар Осиёи Миёна, иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1918. Синфн 6-уми гимназияро хатм намуда, соли 1907 ба армияи хукумати подшоҳӣ даъват шуд. Баъди Револютсияи Октябрь бо дастаи пулемётчиёни худ ба тарафи Ҳокимияти Советӣ гузашт. Соли 1918 командири полки 1-уми савораи дивизияи 1-уми савораи Москва, 1919 командири бригадаи 1-уми дивизияи 1-уми савораи Туркистон. Соли 1920 бригадаи Мелкумов «халқи шӯришгар дар барпо намудани Ҳокимияти Советӣ дар Китоб Шаҳрисабз, Ғyзop ва Қаршӣ кӯмак расонд. Баъд дар торумори босмачиёни Фарғона иштирок кард.

Соли 1921 бригадаи Мелкумов дар ҳайати Экспедицияи ҳарбию сиёсии Хасон дар Бухорои Шарқӣ контрреволюцийяро маҳв намуда, ба меҳнаткашон барои барпо намудани Ҳокимияти Советӣ кӯмак расонд. Тобистони 1922 бо сардории Мелкумов дар ҳудуди Бойсун ва Душанбе қӯшуни Анварпошо торумор карда шуд. Солҳои 1923—24 дар Курсҳои олии Академияи Армияи Сурх таҳсил намуда, 1925—26 ба бригадаи 8-уми алоҳидаи савори Туркистон роҳбарӣ карда, дар Қӯpғонтеппа бар зидди босмачиён ҷангид. Баъд бо супориши Совети Ҳарбин революционӣ (СДР) бригадаи миллии савораи Туркистон ташкил намуда, дар регзори Қароқум босмачиёнро торумор кард. Соли 1934 Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм карда, ёрдамчии фармондеҳи Округи ҳарбии Осиёи Миёна таъин гардид. Соли 1935 бо фармони СҲР ба ӯ унвони ҳарбии командири дивизия дода шуд. Муаллифи китоби ёддоштии «Туркистониҳо» (1960; ба забони тоҷикӣ соли 1963 нашр шудааст). Бо 3 ордени Байрақи Сурх, ордени Ситораи Сурхи Бухоро (тиллоӣ), ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Туркманистон ва аслиҳаи хотиравии СҲР мукофотонида шудааст.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …