Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МЕЛИТОПОЛЬ

МЕЛИТОПОЛЬ

melitopolМЕЛИТОПОЛЬ, шаҳрест дар вил. Запорожьеи РССУ, ки дар соҳили Рости д. Молочная, дар сари роҳи калони мошингарди Москва — Сим­ферополь воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 161 ҳазор нафар (1979). Соҳаи асосии саноаташ мошиисозӣ (заводҳои дастгоҳу моторсозӣ, яхдон, гидроагрогатҳои трактор, мошинҳои саноати хӯрокворӣ ва ғ.). Саноати хӯрокворӣ (комбинати гӯшт, заводҳои шир, консерв, равған) ва сабук (фабрикаҳои дӯзандагӣ, трикотаж) низ тараққӣ кардааст. Мелитополь институтҳои педагогӣ, механизацияи хоҷагии қишлоқ, техникумҳои мошинсозӣ, гидромелиорация ва механизацияи хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳои тиббӣ, маданию маърифатӣ, музеи кишваршиносӣ дорад. Аз соли 1841 шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …