Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕЛИОРАЦИЯ

МЕЛИОРАЦИЯ

meleoratciyaМЕЛИОРАЦИЯ (аз лот. meliora- tio — бедгардонӣ), маҷмӯи тадбирҳои техникӣ ва ташкилию хоҷагии қатъиян беҳтар намудани ҳолати замин. Мелиорация имконият медиҳад, ки комплекси шароити табиии ноҳияҳои калон ба манфиати одам тағйир дода шуда, барои флора ва фаунаи фоидабахш дар дохили хок режими мусоиди об, даво, гармӣ ва ғизо ва дар қабати наздизаминии атмосфера режими намӣ, ҳарорат ва ҳаракати ҳаво фароҳам ояд, муҳити табиии маҳал солим ва беҳ гардад. Мелиорация омили муҳими баланд бардошта­ни самаранокии хоҷагии қишлоқ, мебошад. Мелиорация хоҷагии қишлоқро мустаҳкам намуда, онро аз офатҳои табий эмин медорад.

Мелиорацияи заминҳое, ки режими номусоиди об доранд, бештар маъмул аст.

Мелиорацияи заминҳои намиашон аз ҳад зиёд барои ба вуҷуд овардани шароити гидрологии мӯътадил, пеш бурдани корҳои саҳроӣ ва гирифтани ҳосили устувору баланд пеш гирифта мешавад, ки он дар натиҷаи дур кардани оби барзиёд ба воситатаи каналҳои пӯшидаю рукушод, дренаж, инчунин бо ёрии насосҳо ба обгурезу ҳавзҳо кашидани оби қабати хок, яъне хушкондани замин ба даст меояд.

Дар ноҳияҳое, ки боришот каму бухоршавӣ хеле зиёд аст, бо роҳи обёрии сунъӣ (ниг. Обёрӣ) нами лозими хокро таъмин мекунанд.

Ҳангоми обёрӣ режими ҳарорати хок бештар гардида, дар он боқимондаҳои органикии зиёд рӯҳ ва минералшавии онҳо суст мешавад. Дар биёбон, нимбиёбон ва даштҳое, ки чорводорӣ инкишоф ёфтааст, чарогоҳҳоро обшор (ниг. Обшоркунӣ) мекунанд. Дар ноҳияҳои камоб ба­рои сарфа кардани об ба василаи сохтани обаноорҳо, инчунин аз як ҳавза ба ҳавзаи дигар гузаронидани об танзими мавсимию бисьёрсолаи ҷараёни дарьёро пеш мегиранд. Ба Мелиорацияи ин гурӯҳ, инчунин ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон районӣ кардани як қисми оби дарьёҳо, танзи­ми дарьёҳо — зиёд кардани қобилияти обгузаронии онҳо, бо роҳи ба­ланд кардани соҳилҳо пешгири на­мудани обхезӣ, рост ва чуқур кар­дани маҷрои дарьёҳо, сохтани обгард дар маҷрои каналу дарьёҳо ба­рои пешгирӣ кардани таҳшини об ва ба вуҷуд овардани қабати обногузар, инчунин ҳосил кардани қабати хоки ҳосилхез ба воситаи аз каналҳои лойқагӣ ба заминҳои серрегу санглох, мавзеъҳои паст овар­дани лойқа ва ғ. дохил мешаванд.

Тамоми комплекси Мелиорация, ки барои беҳтар намудани режими номусоиди бои территория равона шудааст, Мелиорацияи гидротехникӣ номида мешавад.

Заминҳое, ки хусусиятҳои номусоиди физикӣ ва химиявӣ доранд, асосан бо роҳи Мелиорацияи химиявӣ ва агромелиорация беҳтар карда мешаванд. Шӯрии заминро бо обшӯӣ ва шудгори чуқур бартараф менамоянд.

Мелиорацияи заминҳое, ки аз таъсири зарарноки механикии об ё бод аз кор баромадаанд, тадбирҳои пешгирии таъсири зараровари обу бод (ниг. Эрозияи son), муборизаи зидди реги равон, регкучӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад.

Мелиорация аз дигар тадбирҳое, ки ба беҳшавии замин, алалхусус баланд шудани ҳосилхезии хок алоқаманданд, асосан бо давомнокии таъсири худ фарқ мекунад. Бинобар ин Мелиорацияро «доимӣ», «устувор», «асосӣ» мегӯянд.

Системаҳои обёрӣ бар хилофи шудгор, сихмола ва ғ., ки такрори ҳарсоларо талаб мекунанд, иншооти дарозмӯҳлатанд. Онҳо барои ба заминҳои обӣ овардани об ва обмонии зироати хоҷагии қишлоқ имкон медиҳанд.

Мелиорация ҳангоми истифодаи якҷояи онҳо самарабахш буда, бо корҳои киштукору техникӣ ва тадбирҳои агротехникӣ, ки дар беҳтар намуда­ни шароити табиии замин комплекси ягонаро ташкил медиҳанд, алоқаи зич дорад.

Дар Тоҷикистон 1,6 млн га замини обёрибоб мавҷуд аст. Ҳоло дар республика 650 ҳазор га замин обёрӣ карда мешавад. Заминҳои обӣ дар водии дарьёҳо ва поёноби чашмаҳои сершумор, ки аз кӯҳҳо ҷорй меша­ванд, воқеъ гардидаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони системаи обёрии Данғара (75 ҳаз. га) давом до­рад. Заминҳои водии Бешкент (19 хаэ. га), дашти Ашт (28 ҳаз. га) аз худ карда мешаванд. Дар ояндаи наздик аз худ кардани заминҳои дашти Қизил (32 ҳаз. га), заминҳои атрофи обанбори Кофарниҳони По­ён (70 ҳаз. га), даштҳои Қарақум 19 ҳаз. га), Ойкӯл (14 ҳаз. га) пешбинӣ шудаанд.

Азхудкунии минбаъдаи заминҳои нав ба мураккабии рельефи онхо вобаста аст. Ин заминҳо дар баландиҳо (баъзан дар баландии то 600 м) ҷойгиранд ва ба онҳо бо ёрии станцияҳои насосӣ об бароварда ме­шавад. Территорияи республика ба се ноҳияи хоҷагии об тақсим ме­шавад, ки ҳар кадом рельеф, иқлим ва гидрографияи ба худ хос доранд: ҷануб, шимол, марказӣ.

Буруқи Тошработи канали Гулистони pайони Вахш.

Ба ноҳияҳои хоҷагии оби ҷануб ҳавзаҳои дарёи Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дохил мешаванд; бақияи хоҷагии оби шимол — хавзаи дарёи Сир (водии Фарғона ва ҷараёни мобайнӣ); ба марказӣ — хавзаи д. Зарафшон (қисми болооби он).

Фонди замини республика ба ноҳияҳои хоҷагии об нобаробар тақсим мешавад. Хоҷагии оби ҷануб 64%, шимол 29%, марказӣ 7% заминҳои республикаро обёрӣ меку­нанд.

Усулҳои оддитарини Мелиорацияро аз қадимулайём истифода мебурданд, Дар Месопотамия, Ҳиндустон, Мисри Қадим ва Хитой 5—3 ҳазор сол то м. обикорӣ маълум буд. Дар водии дарёҳои Даҷла ва Фрот, дар кишв-ҳои Осиёи Хурд бисьёр иншооти оббрав қадим ёфт шудаанд. Дар соҳилҳои дарёҳои Сир ва Аму ҳанӯз дар асрҳои 8—7 то м. заминҳоро обёрӣ мекарданд. Баъд аз ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои корҳои сохтмо­ни комплексии мелиоративӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар панҷсолаи 1-ум (1929—32) дар СССР дав­раи нави таракқии Мелиорация cap шуд. Дар нахустин рӯзҳои барпо гарди­дани Ҳокимияти Советӣ (17 май 1918) В. И. Ленин ба декрети ташкили корҳои обёрӣ дар Туркистон ва ба ин мақсад додани 50 млн сум имзо карда буд. Дар ин декрет вазифаҳои конкретии доир ба обёрии Мирзочӯл, даштҳои Дилварзину қӯғрон, сохтани обанбор дар д. За­рафшон ва анҷом додани сохтмони системаи ирригационӣ дар водии д. Чу ба миён гузошта шуда буд. Соли 1925 дар ҳудуди Тоҷикистон системаи обёрии ба назар намоёне набуд. Идораҳои хоҷагии оби РАСС Тоҷикистон ба барқарор намудани системаи обёрӣ ва каналҳои магистралии Ҷӯйбор ва Ҷилликул (Вахш), Каттаариқ, Чирик ва Сангоба (Шаҳртуз) Янгӣ ва Каландчӣ (Панҷ) сарбавду канали Шӯрообод (Восеъ) ва якчанд каналҳои дигар шурӯъ карданд. Ба  туфайли ғамхории Партияи коммунистӣ ҳанӯз соли 1929 замини обии Тоҷикистон ба 225 ҳазор га расонида шуд, ки ин нисбат ба 1917 63 ҳазор га зиёд буд. Дар худи ҳамон солҳо каналҳои Шӯрообод (Куйбышев). Деҳқонариқ (Фархор), Қаттаариқ (Шаҳртуз), Қистақӯз ва Ғулакандоз (Хуҷанд) ва дигар системаҳои обёрӣ сота шуданд.

Азхудкунии заминҳои водии Вахш (1931-34) дар таърихи инкишофи обёрии Тоҷикистон роли муҳим бозид. Ҳоло системаи обёрии ордени «Нишони Фахрӣ»-дори Вахш яке аз калонтарин системаҳои обёрии мамлакат мебошад, ки зиёда аз 100 ҳазор, га заминро обёрӣ мекунад.

Пленуми майи КМ КПСС (I960) барои сохтмони мелиоративӣ дар Тоҷикистон давраи нав кушод. Мувофиқи қарори Пленуми майии КМ КПСС ва Пленуми июлии (1966) КМ КПСС Программаи конкретии сохт­мони ирригационӣ ва мелиоративии республика барои солҳои минбаъда тартиб дода шуд.

Дар асоси ин программа солҳои 1966—74 масоҳати заминҳои обии колхозу совхозҳои республика бештар аз 100 ҳазор га зиёд, ҳолати мелиоративии 95 ҳазор га бештар карда шуд.

Бо қарори съезди 26-уми КПСС дар панҷсолаи 11-ум дар мамлакат про­граммаи азими мелиорацияи замин пешбинӣ шуд. Ба истифода додани 3,4—3,6 млн га заминҳои обӣ, хушконидани 3,7—3,9 млн га заминҳои сернам, обшор кардани 26—28 млн га минтақаҳои биёбону нимбиёбон ва ноҳияҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла дар Тоҷикистон 50—55 ҳазор га заминҳои нав аз худ ва ҳазор га обшор карда мешаванд.

Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар Тоҷикистон шабакаи муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашӣ таъсис ёфтанд, ки ба масъалаҳои илми Мелиорация машғуланд: Стансияҳои хокшиносӣ— мелиоративии Вахшу Ленинобод, Институтҳои тадқиқоти илмии хокшино­сӣ ва зироат.

Дар инкпшофи илми М. Антипов- Каратаев И. И., Грабовская О. А., Керзум П. А., Панкратов П. А., Бонгковский Ф. Н. ва дигар саҳми калон гузоштанд. Факултети гидроме­лиорацияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва Техникуми политехникии Душанбе ҳар кадом беш аз 2000 мутахассис тайёр карданд. Техникуми мелиоративии райони Зафаробод соле беш аз 150 мелиоратор тайёр мекунад. Лоиҳаи аз худ кардани ҳамаи пассивҳоро Инстиути лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» тартиб медиҳад. Мақолаҳои илмию истеҳсолии оид ба Мелиорация дар саҳифаҳои журнали «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (аз с. 1947) чоп мешаванд.

Ад.: Костяков А. Н., Основы ме­лиорации, М.. 1960; Шаров И. А., Эксулиатция гидромелиоративных систем. М. 1968;  Планы партии по мелиорации воплощаются в жизнь, М., 1976.

М. Абдусамадов, А. Холиқов. Ҳ. Очилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …