Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / MEЛИҚУЛOB

MEЛИҚУЛOB

nophotoMEЛИҚУЛOB Бӯрӣ (таваллуд 1912, деҳаи Навободи pайони Ленин), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалис­тӣ (1950), Устоди пахтай РСС Тоҷикистон (1946). Аъзои КПСС аз соли 1950.

Cолҳои 1928 колхозчӣ, 1934—40 раиси колхози «Навобод», 1940—50 раиси колхози «Конститу­ция», 1950—54 ра­иси колхози ба номи В. И. Ленини райони Ленин, 1954—55 шунавандаи мактаби хоҷагии қишлоқ, 1955—56 агрономи колхози «Коммунизм», 1957—63 сардори бригадаи хоҷагии таҷрибавии марказӣ, 1963— 66 сардори бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и pайони Ленин. Аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Бо орде­ни Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …