Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МЕЛЬБУРН

МЕЛЬБУРН

melburnМЕЛЬБУРН (Melbourne), шаҳрест дар Австралия, марказӣ маъмурии шт. Виктория. Дар соҳили хал. Порт-Филлип, дар резишгоҳи д. Ярра воқеъ аст. Пас аз Сидней дуюмин шаҳри сернуфуси мамлакат. Аҳолиаш 2,7 млн наф. (бо атрофаш, 1978). Узели роҳи оҳан ва нақлиёти ҳа­воӣ; калонтарин бандари мамлакат.

Ба воситаи бандар ба хориҷа ғалладона, орд, гӯшт, пашм, меваҷот бароварда, аз он ҷо фосфорит, нефт, қисмҳои эҳтиётии автомобил мекашонад. Дар Мелбурн ва шаҳрчаҳои атрофи он корхонаҳои саноати мошинсозию коркарди металл (киштисозӣ ва таъмири киштӣ, автомобилу дастгоҳсозӣ, мошинҳои х. қ., электротехникӣ), саноати металлургӣ, химия ва софкории нефт, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пойафзол, хӯрокворӣ мавҷуданд. 3-дҳои тӯпу самолётсозӣ низ дорад. Дар наздикии шаҳр ангишти бӯр истеҳсол мекунанд. Мелбурн маркази мадании мамлакат ҳам мебошад. Дар Мелбурн университет, институти техникӣ, Китобхонаи Виктория, нигористон, музеи таърихи табиат, Музеи миллии Виктория, консерватория, расадхона, боғи ботаникӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар Мелбурн соли 1956 Бозиҳои 16-уми олимпии тобистона шуда гузаштанд.

Шаҳр солҳои 30 асри 19 бунёд ёфта, ба шарафи сарвазири Британияи Кабир Лорд Мельбурн ҳамин тавр номида шудааст. Солҳои 1901—27 пойтахти Иттифоқи Австралия буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …