Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕКСИКА

МЕКСИКА

meksika-1МЕКСИКА (Mejico, Mexico), Штатҳои Муттаҳидаи Мек­сика (Estados Unidos Mexicands), давлат дар ҷанубу ғарби Америкаи Шимолӣ. Аз Шим. бо ШМА, аз Ҷ- Ш. бо Гватемала ва Белиз ҳамсарҳад аст. Онро дар Ғарб ва Ҷануби уқёнуси Ором, дар Ш. уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 1958,2 ҳазор км3. Аҳолиаш 70 млн нафар (1980). Пойтахташ ш. Мехико (бо аҳолии атрофаш тақрибан 11,8 млн нафар, 1978). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 31 штат, 1 округи федералӣ ва 2 территория тақсим мешавад.

Сохти давлатӣ. Мек­сика— республикаи федеративӣ. Конституцияи ҳозирааш с. 1917 қабул шудааст. Сардори дав­лат ва ҳукумат — президент, ки ба мӯҳлати 6 сол интихоб мешавад. Вай сарвазир, хизматчиёни олии дав­латӣ, губернаторони штатҳо, округи федералӣ ва ғ-ро таъин менамояд, тамомя масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ҳал мекунад, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ мебошад ва шартномаҳои байналхалқиро имзо мекунад. Органи олии қонунбарори ҳокимият парламент дупалатагӣ — Конгрегси миллист, ки он аз сенат (ба мӯҳлати 6 сол ин­тихоб мешавад) ва палатаи депутатҳо (ба мӯҳлати 3 сол интихоб меша­вад) иборат аст.

Ҳар як штат конституция ва конг­ресси якпалатагӣ (Маҷлиси қонунбарор)-и худро дорад. Мувофиқи конституцияи федоралии Мек­сика штатҳо ҳуқуқи аз федерация баромаданро надоранд. Системаи судӣ: Суди олӣ, судҳои округӣ ва районӣ, судҳои штатҳо. Дар штатҳо системаи судӣ аз судҳои олӣ, судҳои инстанцияи якум ва судҳои муниципалӣ иборат.

Табиат. Мексика дар қисми ҷанубии к-ҳои Кордильераи Америкаи Шимолӣ ва қисман Кордильераи Америкаи Марказӣ ҷойгир аст. Соҳилҳояш паст ва ҷо-ҷо лагуна дорад. Қисми зиёди мамлакатро кӯҳсори Мексика ишғол кардааст. Дар Шим. Ғ.-и мамлакат нимҷазираи кӯҳистонии Калифор­ния, дар Ҷануби кӯҳсорони Чьяпас ва Сьерра-Мадреи Ҷанубӣ ва дар Ҷ. Ш. пастии нимҷаз. Юкатан воқеъ гардидааст. Дар Ҷ. пастхамии д. Баль­сас кӯҳсори Мексикаро аз кӯҳистони Сьерра — Мадреи Ҷанубӣ (3703 м) ҷудо мекунад. Дар Ҷ. зуд-зуд зилзила ба амал меояд. Сарватҳои зеризаминӣ: сурб, рӯҳ, мис, сурма, марги муш, нуқра, симоб, сулфур, маъдани уран ва ғ. Иқлими қисми зиёди М. тропикӣ, дар Шим. субтропикист. Ҳарор. миёнаи январ аз 10^ С дар Шим. Ғ. то 25° С дар Ҷ. дар Шим. кӯҳсори Мексика ҳаво баъзан то —20° С хунук мешавад. Ҳарорати миёнаи июль аз 15° С дар ҳамвориҳои баланди кӯҳсор, то 30° С дар соҳили халиҷи Калифорния. Боришоти соло­на дар Шимол ва нишебии бодпанаҳи кӯҳҳо 100—200 мм, дар нишебии ҷанубм кӯҳсори Мексика 2000—3000 мм. Дарьёҳо аҳамияти нақлиётӣ надо­ранд, вале захираи бои гидроэнергетикӣ мебошанд. Д-ҳои калон: Рио-Браво-дель Норте (Рио-Гранде) бо шохобҳояш Кончос, Лерма, дар ҷа­раёни поёнаш Рио-Гранде-де-Санть- яго ном дорад, Бальсас. Кӯли калонтарин — Чапала. Дар Шим. Ғ. хоки хокистарранги биёбонӣ, дар кӯҳҳо хоки қаҳваранг, қаҳваранги хокистартоб, хоки сурхи саваянагӣ ва хо­ки бӯри бешагӣ, дар пастиҳо хоки қаҳваранги хокистартоб, қаҳваранги сурхтоб, хоки сурхи саваянагӣ ва ботлоқӣ бартарӣ дорад. Олами набототаш бою гуногун. Дар Шим. кӯҳ­сори Мексика бештар набототи хушкидӯст, инчунин буттазорҳои нозгул мерӯяд. Атрофи кӯҳсорро бешаи дарахтони булут, момроз, зайзафуя, ладен, сӯзанбарг пӯшонидаанд. Дар Ҷ ва Ш.-и мамлакат бешаи тропикӣ, дар нишебиҳои соҳили уқ. Атлантик бешаи ҳамешасабзи сер­нам, дар нишебиҳои соҳили уқ. Ором бешаи хушки дарахтони хазонрез бештаранд. Аз олами ҳайвонот харгӯш, рӯбоҳ, койот, хирси сиёҳ, силовсин, гурбаи ваҳшӣ, дар саваннаҳо гавазн, ҷайра, дар бешаҳои тропикӣ 2 намуди маймун, тапир ва паланг вомехӯранд. Мексика 48 бори миллӣ дорад.

Аҳолӣ. Қисми зиёди аҳолӣ мексикоиҳоанд. Аксарияти халқҳои маҳаллии ҳинду (ацтекҳо, майя, хуастекҳо, миштекҳо ва диг.) забон ва маданияти худро қисман нигоҳ доштаанд. Дар Мексика инчунин халқҳои аз Европа кӯчидаомада (мспаниҳо, немного, франсавиҳо, италиявиён ва диг. халқҳо) зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ — испанӣ. Дини ҳукмрон — католикӣ. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 34,2 нафар (1978). Шаҳрҳои калон: Мехико, Гвадалахара, Мон­террей, Леон, Сьюдад-Хуарес.

Очерки таърихӣ. Одам дар терр. Мек­сика ҳанӯз дар давраи палеолити боло (20—15 ҳаз. сол то м.) маскан карда буд. Дар ибтидои асри нав дар Шим. Ғ. Америкаи Марказӣ қабилаҳои майя зиндагӣ мекарданд. Дар Мек­сикаи Марказӣ дар нимаи дуюми ҳазораи 1 м. маданияти толтекҳо ба авҷи тараққиёт расид. Дар асри 12 аз Шим. ацтекҳо омада, ибтидои асри 14 дар ҷои ҳозираи ш. Мехико ном пойтахт буньёд карданд ва тамоми Мек­сикаи Марказиро ба худ тобеъ намуданд. Соли 1519 испаниҳо ба истилои Мек­сика cap карда, онро охири асри 16 ба тобеияти худ дароварданд. Истилогарон дар мамлакат тартиботи феодалию ғуломиро ҷорӣ карданд. С. 1535 Мек­сика ба ҳайати шоҳии Испанияи Нав дохил шуд. Дар ин ҷо аз ох. а. 18 — ибт. а. 19 муносибатҳои капиталистӣ ташаккул ёфтанд. Табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз сиёсати мустамликадории Испания беш аз пеш норозӣ мешуданд. Муборизае, ки дар Америка с-ҳои 1810—26 барои истиқлолияти мустамликаҳои Испания ҷараён дошт, дар Мек­сика ба харакати тавонои озодихоҳӣ табдил ёфт. Шӯриши оммавии деҳқонон (1810—15) аввал бо сардории М. Идальго ва баъд X. М. Морелос cap зад. Шӯриш бераҳмона пахш, Идальго ва Море­лос қатл карда шуданд. Дар асари таъсири Револютсияи буржуазии Испания (1820—23) дар Мек­сика ҳаракати озодихоҳӣ авҷ гирифт. Заминдорону савдогарони калон, рӯҳониёну амалдорон бо сардории А. Итурбиде ба нигоҳ доштани ҳукмронии худ ба мубориза барои истиқлолияти Мек­сика cap карданд ва халқ ин муборизаро тарафдорӣ кард. Армияи Итурбиде Мехикоро ишғол намуд ва 28 сентябри 1821 истиқлолияти Мек­сика эълон карда шуд ва аз тобеияти Испания баромад. Маи 1822 А. Итурбиде худро император эълон кард, аммо тарафдоррни сохти республикавӣ соли 1823 империяи ӯро сарнагун карданд. 4 октябри соли 1824 Мек­сика республикаи федеративӣ эълон гардид. Дар даҳсолаҳои аввалини мавҷудияти он як қатор табаддулоту исьёнҳо ба вуқӯъ омад ва мамлакат хароб гардид. Капита­ли хориҷӣ ба иқтисодиёти Мек­сика васеъ роҳ ёфт. Соли 1846 ШМА ба муқобили Мек­сика ҷанг cap карда, нисфи зиёди терр. онро (шартномаи 1848) кашида гирифтанд.

Соли 1853 ШМА ба дӯши Мек­сика шартно­маи нав бор карда, боз 120 ҳазор км2 хоки онро гирифтанд. То миёнаи асри 19 дар Мек­сика ду қувваи сиёсӣ — консерваторҳо (блоки помещикони калон, рӯҳониён, ҳарбиён) ва либералҳо (блоки буржуазия ва офицерон) ба майдон омад. Соли 1854 револютсияи буржуазӣ ба амал омад. Ба сари ҳокимият либералҳо омаданд ва соли 1857 конституцияи прогрессивй қабул наму­данд. Консерваторҳо ҷанги гражданӣ cap карданд, аммо соли 1860 шикаст хурданд. Соли 1861 Англия, Франция ва Испания барои сарнагун кардани ҳукумати Б. Хуарес интервенция cap карданд. Вале ба муқобилати сахти халқ дучор шуда, мамлакатро тарк намуданд. Мубориза барои Ҳокимият, ки баъди вафоти Б. Хуарес (1872) cap шуд, соли 1876 бо ғалабаи генерал П. Диас анҷом ёфт. Зӯроварии монополияҳои Америка дар иқтисодиёт, боқимондаҳои феодалӣ, диктатураи реакцияи клерикалию помещикӣ, беҳуқуқии сиёсии халқ сабаби cap задани Револютсияи 1910—17 Мексика гардид, ки дар натиҷаи он конституцияи нав қабул карда шуд.

Дар асри таъсири Револютсияи Кабири Социалистӣ Октябрь ҳаракати коргарону деҳқонон авҷ гирифта, муборизаи халқи Мек­сика бар зиддм зулми империалистони хориҷӣ шиддат ёфт. Соли 1919 Партияи коммунистии Мексика (ПКМ) ташкил шуд. Соли 1924 Мек­сика бо СССР муносибатҳои дипломатӣ муқаррар кард. Солҳои 20 давраи корнартоиҳои оммавӣ буд. Реакция дар солҳои бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1929—33) таъқиби Партияи коммунистӣ ва дигар ташкилотҳои прогрессивиро пурзӯр намуд. Соли 1930 ҳукумати буржуазӣ-помещикӣ муносибатҳои дипломатиашро аз СССР канд. Сиёсати иртиҷоӣ, беш аз пеш бад шудани аҳволи меҳнаткашон дар аввали солҳои 30 ба авҷи ҳаракати революционӣ — корпартоиҳо, намоишҳо, меъёнҳои дездонон мусоидат кард. Дар чунин вазъият соли 1934 Л. Карденаси-дель-Рио (1934—40) президент интихоб шуда ислоҳоти аграрӣ гузаронид ва моликияти ширкатҳои хориҷиро миллӣ кунонид. Ба туфайли чунин тадбирҳо пояи ҳукмронии латифундистом дар Мексика басо суст шуд. Солҳои 1936—39 Мек­сика сохти республикавии Испанияро тарафдорӣ кард. Мек­сика солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ коалицияи зиддигитлериро та­рафдорӣ кард. Соли 1942 бо СССР муносибатҳои дипломатӣ барқарор на­муд. Ҳукуматҳои М. Авило Камачо (1940—46) ва М. Алеман (1946—52) сиёсати хориҷии Мек­сикаро аз бисьёр ҷиҳат тобеи манфиатҳои ШМА намуда, барои дохилшавии капитали америкоӣ ба мамлакат имконият фароҳам овард. Мек­сика аз соли 1948 аъзои Ташкилоти давлатҳои америкоӣ (ТДА) мебошад. Сиёсати зиддихалқии синфҳои ҳукмрон норозигии халқ ва муборизаи синфиро тезу тунд гардонид. Ҳукумати президент А. Руис Кортинес (1952—58) ба муқобили порахӯрӣ як қатор тадбирҳои прогрессивӣ андешид. Соли 1953 занҳо баробари мардон ҳуқуқи сиёсӣ гирифтанд. Мек­сика дар Конференци­яи 10-уми байниамерикоии Каракас (1954) резолюцияеро, ки ба ИМА имконият медод ба корҳои дохилии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ мудохила намояд, тарафдорӣ кард. Аммо ҳукумати Кортинес барои беҳтар намудани шароити зиндагии меҳнаткашон чорае наандешид. Дар Мек­сика корпартоии оммавӣ cap шуд. Дар чунин вазъият А. Лопес Матеос (1958—64) ба сари ҳокимият омада, энергетикаи мамлакатро миллӣ ку­нонид (1960), дар хусуси соҳибихтиёрии Мек­сика бар саноати маъдани кӯҳӣ ва дар бораи дар баъзе соҳаҳои дигари саноат маҳдуд намудани ҳукмронии капитали хориҷӣ қонун қа­бул намуд. Ҳукумати Матеос принсипи ба корҳои дохилии мамлакатҳои дигар мудохила нанамуданро тарафдорӣ мекард. Мек­сика амалиёти таҷовузкоронаи ШМА ва ТДА-ро бар зидди Кубаи революционӣ дастгирӣ накард ва он яке аз мамлакатҳои Америкаи Лотиниест, ки муносибатҳои дипломатиашро аз Куба наканд. Соли 1969 баъзе роҳбарони ПКМ ва дигар ходимони тараққихоҳ ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳукумати Л. Эчеврриа (1970—76) доир ба интихобот, ислоҳоти аграрӣ, музди меҳнаткоргарону хизматчиён қонуни нав қабул намуда, доираи алоқаҳои савдои беруниро васеътар кард. Қагьи назар аз ин дар давраи ҳукмронии ӯ суръати тараққиёти иқтисодӣ ва қурби пул паст шуда, бекорӣ ва қарзи хориҷӣ афзуд.

Маъмурияти Л. Портильо, ки с. 1976 ба сари ҳокимият омад, бо мақсади аз чунин вазъият наҷот додани мамлакат диққати асосиро ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ равона намуд. Мек­сика аз соли 1945 аъзои ТДМ мебошад. Соли 1874 партияи нав — Партияи демократии Мексика ташкил ёфт. Соли 1972 Мек­сика бо РХХ, 1973 бо РДГ ва Румыния, соли 1974 бо РХВ, РХБ, Ал­бания муносибатҳои дипломатӣ муқаррар намуд. Соли 1974 (нояб.) муносибаташро аз Чили канд.

Соли 1977 дар мамлакат кризиси социалӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ давом кард. Ҳукумат барои мӯътадил намудани зиддиятҳои дохилисинфӣ саъю кӯшиш мекард, ба қувваҳои демократӣ, ки бо мақсади ба амал баровардани ислоҳоти социалию иқтисодӣ, демократиконии мамлакат, мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии иқтисодии он ба доираҳои хукмрон фишор оварда буданд, гузаштҳо кунад.

Моҳи октябрь Конгресси миллӣ тағйир дода шудани чандин моддаи конституцияро оид ба ислоҳоти системаи интихоботӣ маъқул кард. Моҳи декабрь палатаи депутатҳои Конгресси миллӣ лоиҳаи қонуни президентро ба ташкилотҳои сиёсӣ ва ислоҳоти интихоботӣ маъқул донист. Моҳи май 1978 Комисияи Федералии интихоботӣ қарор қабул кард, ки ПКМ дар интихоботи уму­мии соли 1979 шартан иштирок ку­над. Моҳи сентябрь дар бораи афви умумии маҳбусони сиёсӣ қонун ба ҳукми худ даромад.

Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ Мек­сика прниципҳои соҳибистиқлолӣ, дахолатнопазирӣ ва ҳуқуқи худмуайянкуниро пеш мебарад. Соли 1978 муносибатҳои Мек­сика бо ШМА, асосан дар масъалаи аз Мек­сика ба ШМА кашондани нефт ва гази табиӣ тезутунд шуданд.

Ҳамкории Мек­сика бо СССР ва дигар давлатҳои иттиҳоди социалистӣ торафт васеътар мешавад.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи институционӣ-революционӣ (ПИР), таъсисаш 1929, партияи ҳукуматӣ. Солҳои 1929—36 дар пинҳонкорӣ буд. Партияи ҳаракати миллӣ (ПХМ), таъсисаш 1939, партияи оппозиционӣ. Партияи хақиқии революцияи Мексика (ГОуРМ), таъсисаш 1957. Партияи халқии социалистӣ (ПХС), таъсисаш 1948.

Партияи Коммунистии Мексика (ПКМ), таъсисаш 1919.

Конфедерацияи меҳнаткашони Мексика (КММ), соли 1936 ташкил шудааст. Иттифоқи умумии коргарону деҳқонони Мексика (ИУКД) ба номи Хасипто Лопес, соли 1949 ташкил шудааст. Конфедераци­яи регионалии коргарони Мексика (КРКМ), соли 1918 таш­кил шудааст. Конфедерацияи революционии коргару деҳқон (КРКД). Конфедера­цияи революционии меҳ­наткашон (КРМ), таъсисаш 1954. Федерацияи иттифоқҳои касабаи хизматчиёни давлатӣ (ФИКХД), таъсисаш 1938.

Хоҷагӣ. Мек­сика яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле тараққикардаи Америкаи Лотинист. Нақлиёт, саноати нефту истихроҷи маъдан, корхонаҳои электроэнергетикӣ мил­лӣ кунонда шудаанд. Соли 1973 дар Мек­сика дар бораи вусъати маблағгузории Мексикоӣ ва ба тартиб даровардани маблағгузории хориҷӣ қонун қабул гардида, мувофиқи он амалиёти ширкатҳои хориҷӣ дар мамлакат зери назорат гирифта шуд. Аммо ка­питали хориҷӣ ҳанӯз боқист. Соли 1979 миқдори умумии маблағгузории давлатҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Мек­сика ба 7,3 млрд доллар расид. Истихроҷи нефт афзуда, химияи нефт, саноати истихроҷи маъдан, электроэнергетика, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт тез тараққӣ мекунанд. Районҳои асосии истихроҷи нефту газ қисми марказии соҳилҳои хал. Мексика (ш-ҳои Тампико, Поса-Рика-де-Идальго ва ғ.) мебошанд. Солҳои охир истихроҷи нефт дар конҳои наву бои гарданаи Теуантепек, дар шт-ҳои Табаско ва Чьяпас босуръат инкишоф меёбад. Соли 1979 74 млн нефт, 30,2 млрд мэ гази табиӣ истеҳсол шуд. Марказҳои асосии саноати химия: Рейноса, Сьюдад-Мадера, Саламанка, Минатитлаи. Марказҳои металлургияи сиёҳ: Монтеррей, Монклова, Пье- драс-Неграс, Лас-Тручас; металлур­гияи ранга: Ниуауа, Торреон, Мон­террей, Сальтильо ва ғ. Дар Верак­рус заводи алюминий кор мекунад. Дар Монтеррей, Рейноса, Минатит­лаи, Саламанка, Монклова кислотаи сулфат, сода, нуриҳои нитрогенӣ истеҳсол мекунанд. Калонтарин з-ди нуриҳои фосфории Америкаи Лотинӣ дар Коацакоалькос воқеъ гаштааст. Дар саноати мошинсозӣ корхонаҳои васли автомобил ва таъмиркунанда бартарӣ доранд. Муҳаррикҳои автомобиле, электромоторҳо, трансформатора ва ғ. истеҳсол ме­шавад (Мехико, Гвадалахара, Монтеррей, Сьюдад-Саагун). Истеҳсоли матоъҳои пахтагин, пашмин, нахи синтетикӣ инкишоф ёфтааст. Соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, пиво, орд, равған, консерва, саноати истеҳсоли цемент, чӯбу тахта, коғаз, пӯсту пойафзол тараққӣ кардаанд. Калонтарин ст-ҳои электрӣ дар шт-ҳои Мехико ва Пуэбло воқеанд. 40% аҳолии қобили меҳнат бо корҳои хоҷагии қишлоқ машғул аст. Қисми зиёди замин дар дасти заминдорони калон мебошад. Шакли заминдории общинагӣ (эхидос) низ вуҷуд дорад. Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ— зироаткорӣ. Ба­рои истеъмол ҷуворнмакка, шолӣ, гандум, лубиё мекоранд. Зироати экспортӣ: пахта, қаҳва, найшакар, банан, помидор, лимую афлесун ва ғ. Мек­сика калонтарин мамлакати истеҳсол ва экспорткунандаи (қариб 90% истеҳсолоти ҷаҳонӣ) нахи агава (хенекен) мебошад. Маҳсулоти чорвои сергӯшт  ҳиссаи арзиши тамоми маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил медиҳад. Соли 1980 Мек­сика (ба ҳисоби млн cap) 29,5 гов, 12,7 хук, 7,9 гӯсфанд ва 8,5 буз дошт. Ба миқдори зиёд моҳӣ, харчанги баҳрӣ ва ғ. сайд мекунанд.

Тӯли роҳи оҳан 24,9 ҳазор км2, роҳи автомобилгард 212 ҳазор км. Нақлиёти баҳрӣ зиёда аз 50% бори экспортӣ ва 30% импортиро мекашонад. Бай­дарҳои калон: Веракрус, Салина- Крус, Гуаймас, Тампико. Нақлиёти ҳавоӣ низ инкишоф ёфтааст. Мек­сика ба хориҷа қанд, қаҳва, мева ва сабзавот, гӯшт, гов, пахта, нефт, нуқра, сулфур, сурб, рӯҳ, мис, манган, флюорит, графит, сурма бароварда, аз он ҷо мошин, таҷҳизоти саноатӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғ. мегирад. Шарикони асосии савдояш: ШМА, Япония, РФГ, Британияи Кабир, Франция, Италия. Мек­сика бо СССР ва дигар мамлакатҳои иттиҳоди социалистӣ робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дорад. Соли 1975 байни Мек­сика ва Совети ёрии ҳамдигарии иқтисодӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Алоқаи тиҷоратии Мек­сика бо мамлакатҳои ассоциацияи савдои озоди Америкаи Лотинӣ ва мамлакатҳои Америкаи Марказӣ меафзояд. Воҳиди пул — песо.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1974 ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ 43,4 таваллуд ва 7,2 фавт, ба 1 ҳазор нафар кӯдаки навзод 51,9 фавт рост омад. Дарозии умр ба ҳисоби миёна 60 сол. Бемориҳои сироятӣ ва паталогияи паразитарӣ, бемориҳои вараҷа, меъдаю рӯда, сил, чимой паҳн шудаанд. Соли 1971 дар Мек­сика 1521 муассисаи табобатии дорои 62,5 ҳазор кат [ба 10 ҳазор нафар 12,3 кат) буд. Соли 1970 дар Мек­сика 33,9 ҳазор духтур (ба 1440 нафар 1 духтур), 5,1 ҳазор духтури дандои, 31,2 ҳазор дигар коркунони тиббӣ буд.

Матбуот, радио, телевизион. Дар Мек­сика қариб 1600 номгӯй адабиёти даврӣ, аз ҷумла 200 газетаи ҳафтаина нашр мешуд. Газетаҳои бонуфузи ҳаррӯзаи Мехико: «Насиональ» («Б1 National»), аз соли 1929, Ҳукуматӣ; «Новедадес» («Novcdades»), аз соли 1936; «Пренса» («La Ргепза»), аз соли 1928; «Соль де Мехико» («Е1 Sol de Mexico»), аз соли 1965; «Эксельсиор» («Excelsior»), аз соли 1917 ва ғ. ЗК-ҳо: «Сьемпре» («Siempre»), аз соли 1953; «Сосиалисимо» («Sosialisimo»), органи илмӣ-назариявии ПКМ. Агентии ахборотӣ: ИНФОРМЕКС ва АМЕКС (ҷамъиятҳои акционер), НОТИМЕКС, ҳукуматӣ. Ба радиошунавонию телевизион саруправленияи алоқа назорат мекунад. Мек­сика 574 ст. радио, 83 ст. телевизион до­рад. Телевизиони Мек­сика аз соли 1950 амал мекунад.

Адабиёт. То истилои Испания (а. 16) адабиёт дар заминаи забонҳои маҳаллӣ, ки онҳо аз хати иероглиф истифода мебурданд, инкишоф меёфт. Маданияти Ҳиндуён қатъи назар аз таъқибот вуҷуд дошт ва ба тяраққиёти минбаъдаи адабиёти Мек­сика таъсири калон мерасонд. Аз ибтидои давраи мустамликавӣ адабиёти Мек­сика ба забони испанӣ равнақ ёфт. Жанри асосии адабиёт насри таърихӣ буд, Аввалин асари бадеии Мек­сика достони Б. до Вальбузна (1568—1627) «Ҳашамати Мексика» (1604) аст. То ибтидои асри 19 назми Мек­сика, ки яке аз намудани асосии адабиёти он буд, дар зами­наи анъанаҳои бароккои испанӣ ин­кишоф меёфт: эҷодиёти Хуана Инес де ла Крус (1651—95). Дар давраи Ҷанги Истиқлолиятхоҳӣ (1810—24) публицистика ва назми ватандӯстӣ (А. Кинтана Роб, 1787—1851) равнақ ёфт. Дар аввалин романи мексикагии X. Фернандес де Лисарди (1776—1327) «Перикильо Сарниенто» (қисми 1-умаш соли 1816 нашр шуд) ҳаёти мустамликавӣ ҳаҷв шудааст. Дар адабиёти Мек­сика романтизм ба вуҷуд омад (назми М. Акунья, 1849— 73; Г. Прието, 1818—97). Романтизм дар наср дертар пайдо шуда дар як вақт тамоюли костумбристӣ гирифта, саромади реализм гардид: роман­ҳои М. Пайно (1810—94), Л. Инклан (1816—75), X. Т. де Куэльяг) (1830-94) Романҳои ходими барҷастаи ҷамъиятӣ, мунаққид ва публицист И. М. Альтамирано (1834—93) дар рӯҳи романтизм навишта шудаанд. Модернизм дар назм а-ҳои 19—20 ба вуҷуд омад: М. X. Отон (1858— 1906), М. Гутьеррес Нахера (1859—95. Тамоюли реалистӣ дар наср дар давраи диктатураи П. Диас пойдор гардид. Р. Дельгадо (1858—1914), X. Лопес Портильо-u Рохас (1850— 1923), Ф. Гамбоа (1864-1939) дар асарҳояшон ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Мек­сикаро зери танқид гирифтанд. Револютсияи буржуазӣ-демократии солҳои 1910—17 Мексика ва Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь роҳи тараққиёти минбаъдаи адабиёти Мек­сикаро муайян кардавд. Мек­сика Асуэла (1873—1952), ки дар романи «Поёнишинон» шӯришҳои стихиявии деҳқононро инъикос намудааст» ба жанри революционии мидлӣ асос гузошт. Аввалин маротиба маҳз ҳамин ҷараёни бадеӣ ҳаракати оммавии халқ ихтилофтҳои тунди иҷтимоии давраҳои пешу баъди революционҳое тасвир наму­даст. Романҳои М. Л. Гусман (1887—1960), Г. Лопеси Фуэнтес (1897—1966), X. Р. Ромеро (1890— 1952), X Мансисидор (1895—1966), пьесаҳои Р. Усигли (тав. 1905) дар пайравии он эҷод шудаанд. Дар ашъори Р. Лопес Валерде (1888— 1921), Э. Гонсалес Мартинес (1871— 1952), К. Пельнсер (тав. 1899), О. Пас (тав. 1914) хусусиятҳои ҳаёти миллӣ ва ҷаҳони маънавии мексикониён возеҳ ифода гаштаанд. Дар насри Мек­сика аз миёнаҳои солҳои 50 рав­ияи нав мушоҳида мегардад. Романнависон М. А. Яньес (тав. 1904), X. Рульфо (тав. 1918), К. Фуэнтес (тав. 1928) ва диг. тадқиқи бадеии воқеияти миллиро амиқтар намуда, масъалаҳои умумиинсонӣ ва воситаҳои нави тасвирӣ онро ҷустуҷӯқ мекунанд.

Санъати меъморӣ на тасвирӣ. Санъати меъморӣ ва тасвирии Мек­сика таърихи қадимӣ дошта, ҳанӯз дар ҳазораи 1-уми то милод ба пояҳои баланд расида буд. Мардумони сокини ин сарзамин—тотонакҳо, толътекҳо, ацтекҳо, сапотекҳо, миштекҳо, маня ва ғ. ҳар яке санъати ба худ хоси қадимае доштанд. Ба санъ­ати меъмории давраҳои қадими Мек­сика сохтмони биноҳои аҳромшакли мӯҳташам ва ниҳоят бузург хос буд (масалан гирдогирди аҳроми Чолула 440 м меомад). Санъати тасвирӣ бошад, ҳанӯз дар ҳазораи 2-юми то милод равнақ дошт ва аз ҳазораи 1- уми то милод cap карда, ба авҷи инкишоф расид. Дар ив давра мавзӯи муборизаи ҳаёту мамот бо тарзу усулҳои гуногун (ҳайкалтарошӣ, муҷассамасозӣ, кандакорӣ, наққошӣ, наққорӣ, заргарӣ, кулолӣ ва ғ.) хеле аҷибу ғариб инъикос мегардид. Ис­тилои испанҳо боиси таназзули санъати меъморӣ ва тасвирии халқҳои маҳаллӣ гардид ва дар навбати худ ин ду санъат ба ҳам омехта, ба санъати миллии Мек­сика асос гузошт. Пас Ч истилои испанҳо, дар давраи ҳукмронии онҳо (аз асри 16 cap карда ибтидои а. 19) дар Мек­сика санъати меъморӣ хеле пеш рафт, ки мабдаи он санъати меъмории Испания бошад ҳам вале бнсёр хусусияту нишонаву аломатҳои меъмории миллиро Дар худ таҷассум менамуд. Дар ин давра бисьёр маъбаду калисоҳо (Дар Пуабло — 1555 — 1649; дар Мехико —1563—1667; дар Тласкала — Қарибиҳои 1745—60 ва ғ.) буньёд гардиданд, ки бо услубҳои омехтаи готика, платереско ва музохара ороиш ёфта буданд. Санъати тасвирии давраи мустамликадорӣ низ хусусияти аҷоиб дошта, дар ин давра бо усулу воситаҳои санъати қадимии Мек­сика дар деворҳои маъбаду ка­лисоҳо дар мавзӯҳои динӣ ҳам насронӣ ва ҳам маҳаллӣ бисёр асарҳои калон эҷод карда шуданд. Maҳз дар ҳамин давра санъати портреткашӣ ҳам пайдо шуд, ки намояндагони он (Хуарес, де Эгаве, М. Каб­рера) рӯҳияи одами тасвиршавандаро аниқ ифода кунанд ҳам тамоми расмро беҳад зебу зиннат медоданд.

Дар асри 19 ва алалхусус, дар нимаи дуюми он дар пойтахти Мек­сика бисьёр

биноҳои боҳашамат сохта шуданд (масалан, Қасри санъати нафиса, 1904—34, меъмор А. Боари). Дар солҳои 20—30 асри 19 дар санъати меъмории Мек­сика услуби неоклассицизм ва функционализм хеле равнақ дошг. Ғайр аз ин, ба истилоҳ услуби меъмории таркибӣ низ буд, кн намояндагони он (Л. Барраган, X. О. Горман) дар баробари истифодаи усулҳои анъанавии миллӣ биноҳои худро ба шакли абстракт сохта, онҳоро бо муҷассамаҳои абстрактӣ ороиш медоданд. Дар солҳои 50—60 сохтмони биноҳои ҳозиразамони бисьёрошьёнаи оҳанубетонӣ маъмул гардид. Хусусан ба муносибати Олимпиадаи соли 1968 бисёр иншоот сохта шуд (масалан, стадиони Ац­тека, меъмор П. Рамирес Васкес; Қасри спорт, меъмор Ф. Кандела).

Дар асри 19 санъати тасвирӣ аз банди анъанаҳои санъати давраи мустамликадорӣ тадриҷан раҳоӣ ёфта мавзӯи миллӣ ва персонажҳои халқӣ ба мадди аввал мебароянд. Ба санъати ин давраи Мек­сика услуби костумбризм хос аст, ки он қариб ба тамоми санъати мамлакатҳои Аме­рикаи Лотинӣ мулҳақ мебошад. Дар ин давра санъати сиёҳқаламӣ (Г. В. Гаона ва диг.), портреткашӣ (X. М. Эстрада, Э. Бустос ва диг.), манзаранигорӣ (X. Кордеро, X. Обергон) низ пеш рафтанд. Алалхусус дар манзаранигорӣ рассомон X М. Веласко ва X. Мурильо хеле шӯҳpaт ёфтанд. Дар санъати тасвирӣ X Г. Посада асосгузори равияи революционии демократӣ буд. Рев. солҳои 1910—17 М. Д. Ривера, X. К. Орос­ко, Д. Сикейрос барин рассомонро ба эҷоди асарҳои баландғоя таҳрик намуд. Алалхусус, асарҳои монументалии Д. Сикейрос бо ҳашамат, салобат ва шавқати худ касро ба ҳайрат меоваранд (масалан, асари машҳури Д. Сикейрос «Полифорум» дар Мехико, 1971). Дар миёнаҳои солҳои 20 «Иттиҳоди сиёҳқаламии халқ» ном ташкилоте ба вуҷуд омад, ки бисьёр рассомони пешқадам ро (Л. Мендес, П. О. Хиггинс, А. Бельтран, А. Гарсиа Бустос ва диг.) муттаҳид кард. Алҳол санъа­ти меъморӣ ва тасвирии М. анъанаҳои миллии худро истифода бурда, машғули эҷоди асару осорҳои нав аст.

Мусиқӣ. Рақсу суруди миллии Мек­сика таърихи дурудароз дорад ва ба андозае бо маросимҳои динӣ илхоқ мебошад. Сокинони ин сарзамин накора, зангӯла, ҷанг, гӯшмоҳиҳои тешукдор барин асбобҳои мусиқиро истифода бурда навоҳои панҷқатораи равону мавзуне меофариданд. Пас аз истилои испаниҳо ба мусиқии миллӣ санъати мусиқии испанӣ ва креоли хеле таъсир расонд ва боиси офариниши сон, харабе, узпанга, хабанера барин анвои рақс ва капсьон, корридо барин навоҳо гардид.

Мусиқии касбӣ дар Мек­сика дар ибтидои асри 16 ривоҷ ёфт. Соли 1523 дар Тескоко ва соли 1527 дар Мехико аввалин мактабҳои мусиқӣ кушода шуданд. Азбаски асрҳои 16—17 давраи насроникунии ҳиндуҳо буд, ба ҳамин сабаб мусиқии калисо хеле пеш рафт. Дар ибтидои асри 18 мусиқии калисо рӯ ба таназзул ниҳод ва аз ибтидои асри 19 cap карда дар театрҳо операҳои бастакорони Италияро намоиш медодагӣ шуданд. Бастакор ва дирижёр М. Элисага соли 1825 нахустин Академияи мусиқӣ, с. 1826 нахустин оркестри симфониро ташкил кард. Соли 1866 консерватория таъсис ёфт, ки он соли 1877 ба Консерваторияи миллӣ мубаддал шуд. Аз ибтидои асри 19 cap карда бисёр бастакорони миллӣ (С. Паниагуан-Васкес, А. Ортега, М. Мо­ралес) ба арсаи санъати мусикӣ қадам ниҳоданд. Дар нимаи якуми а. 20 санъати мусиқии Мек­сика хеле так­мил ёфт ва эҷодиёти асосгузорони мактаби миллии бастакорӣ С. Ревуэльтас ва К. Чавос маҳз ба ҳамин давра тааллуқ дорад. Ходимони намоёни санъати мусиқии имрӯзаи Мек­сика бастакорон Л. Санди, Д. Аяла, Б. Галиндо, Р. Альфтер, дирижёр А. Эрера дела Фуэнте, скрипканавоз Г. Шеринг, пианинонавозон К. Ба­рахас ва М. Т. Кастрильон, гитарнавоз А. Брибьеска, ҳофиза X. Арая ва Э. Касановес ва бисьёр дигарон мебошанд.

Театр ва балет. Санъати театри Мек­сика ба маросимоти қадимии динии ҳиндуҳо асос ёфтааст. Нахустин те­атр дар Мек­сика соли 1597 кушода шуд, ки он «Қacpи мазҳака» ном дошт. Баъди истилои Мек­сика воизони испанӣ дар мавзӯи динӣ рӯзҳои ид намоишҳои театрӣ ташкил карда бо ҳамин ғояҳои насронияро паҳн менамуданд.

Соли 1670 дар Мехико нахустин театри доимии оммавӣ «Калисо» таъсис ёфт, ки он асри 18 такмил ёфта «Нузво Колисео» ном гирифт. Соли 1823 на­хустин театри халқӣ «Театро дель паленке де лос гальос» таъсис ёфта дар ҳамин давра расман таълиму тарбияи актёрони драма оғоз ёфт. Дар асри 19 ва нимаи якуми асри 20 дар Мек­сика якчанд драмнависҳои намоён (М. Э. Горостиса, Ф. Гамбоя, X. X. Руэда, X. X. Гамбоя, М. Давалос ва диг.) пайдо шуда, соли 1923 Иттифоқи драмнависҳо таъсис ёфт. Аз охирҳои солҳои 20-ум cap карда  ҳаракати навсозии театрҳо хеле авҷ ги­рифт, чанд театрҳои пешқадам («Улиссе», «Орьентасьон», «Театро де зора» ва ғ.) кушода шуданд. Ҳозир машҳуртарин театрҳои М.: «Идальго», «Хименес Руэда», «Хола», «Реформа», «Инсурхентес», Театри бачаҳо, Театри лухтакҳо («Гинь­оль») ва ғ.

Асоси санъати хореографии Мек­сика санъати рақси халқии ҳиндуён аст, ки он баъдтар бо анъанаҳои раис­ҳои испанӣ омехта шуда, дар ниҳоят санъати миллии рақсии ҳозиразамони Мек­сика пайдо шуд. Соли 1947 бастакор К. Чавос дар ҳузури Институти мил­лии санъати нафиса Академияи санъати рақси Мексикаро таъсис дод. Маҳз ҳамон сол дастаи Балети санъати нафиса ташкил шуд. Сонитар боз чанд дастаҳои балет ба вуҷуд омаданд. Балети ҳозиразамони Академияи санъати рақси Мексика, Балети фолъклории Мексика, ки он аз соли 1963 Балети панҷ қитъаи олам ва аз соли 1971 Балети фольклори байналхалқӣ ном дорад. Аз соли 1950 cap карда дар Мек­сика балетҳои европоиро намоиш медиҳанд. Солҳои 1952—1968 Балети концертӣ (аз ибтидои солҳои 70-ум номаш Балети классикӣ) ном дастае амал мекард, ки он балетҳои европоӣ ва миллиро ба саҳна мегузорад.

Кино. Аввалин фильми бадеӣ дар Мек­сика соли 1905 ба навор гирифта шуд.

Солҳои 10—20 фильмҳои мазҳакавӣ ва лирикии кутонметраж офарида шуданд. Солҳои 30 дар баробари пай­до шудани фильмҳои овоздор ки­нои миллӣ бештар равнақ ёфт, фильмҳои гуногуни мазҳакавию мусиқӣ (бо иштироки ҳофизони машҳур) истеҳсол шуданд. Фильмҳои солҳои 30 ихтилофҳои иҷтимоӣ, воқеаҳои революционии таърихи мамлакатро инъикос мекунанд. Ҳамкорӣ бо кинематографистони советӣ (бо сардории С М. Эйзенштейн) дар истеҳсоли фильми «Зинда бод Мекси­ка» (1931—32) барои ходимони кинои Мек­сика воқеаи бузурге буд. Солҳои 40 эҷодиёти режиссёр. Э. Фернандес ба тамоми ҷаҳон машҳур шуд: «Ма­рия Канделярия» (1944), «Гавҳар» (1947), «Рио Эскондидо» (1948), «Деҳотидухтар» (1949) ва ғ. С. 1946 дар М. яке аз барҷастатарин режиссёрон — Л. Бюнюзль (аз Испания) кор карда, фильмҳои «Фаромушшудагон» (1950), «Назарин» (1958), «Виридиана» (1960) ва ғ.-ро офарид. Беҳтарин асарҳои санъати кинои с-ҳои 50—70 М.: «Решено» (1955), «Тараумара» («Пешгӯӣ», 1974), «Педро Парамо» (I960), «Эмилио Сапата» (1970) ва ғ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …