Маълумоти охирин

МЕКОНГ

mekongМЕКОНГ, дарёи калонтарини нимҷаз. Ҳиндухитой. Аз хоки Хитой, Лаос, Кампучин ва Вьетнам ҷорӣ шуда, қисман сарҳади байни Ла­ос ва Бирмаю Таиландро ташкил медиҳад. Тӯлаш 4500 км, масоҳати ҳавзааш 810 ҳазор км2. Аз Қ-кӯҳи Тантлан кӯҳсори Тибет cap шуда, ба б. Ҷануби Хитой мерезад ва делтаи хеле васеъро (қариб 70 ҳаз. км2) ҳосил мекунад. Ҷараёни боло ва миёнааш аз дараҳои чуқури остонадор, поёнаш — аз ҳамвории васеи аллювиалӣ ҷорист. Манбааш асосан бо­рон, дар болообаш низ барф. Сарфи солонаи об дар ҷараёни поёнӣ дар август то 30 ҳаз. м*/сон, апр.—1500 м*/сон. Сатҳи об дар давоми сол 10— 15 м баланду паст мешавад. Аз обоварди дарьё делта ҳар сол 80—100 м васеъ мешавад. Шохобҳояш аз рост — Мун, Тонлесап, аз чап — У, Тхэн, Сан. Баҳор ва тобистон пуроб мешавад. Аз резишгоҳаш 700 км, дар давраи серобиаш 1600 км (то ш. Вьентьян) киштигард; киштиҳои баҳрӣ то ш. Пномпень (350 км) шино мекунанд. Дарьё аз моҳӣ бой аст; тимсоҳ низ вомехӯрад. Дар соҳилҳои Меконг шаҳрҳои Луангирабанг, Вьенть­ян (Лаос), Пномпень (Кампучия) воқеанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …