Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЙНАР

МЕЙНАР

meynarМЕЙНАР (Meinar) Барбьё де (1827, Марсель— 1908, Париж), шарқшиноси франсавӣ, аъзои Ака­демияи Франция (1878). Дар Макта­би забонҳои шарқӣ муаллими забо­ни туркӣ буд. Аз соли 1878 то 1885 дар Коллеж де Франс (Коллеҷи Фран­ция) аз забони форсӣ ва арабӣ дарс гуфтааст. Мейнар роҷеъ ба забон ва адабиёти мамлакатҳои Шарқ, хусусан адабиёти форс-тоҷик осор ва тарҷумаҳои зиёде дорад («Фарҳанги ҷуғрофя, таърихӣ ва адабии Эрон», 1861; «Муҳити адабии Хуросон дар IV ҳиҷрӣ», 1861; «Шеър дар Эрон» 1877; «Луғати туркӣ-франсавӣ» 1885—87; ва ғ.). Махсусан асари доир ба шеъри форсӣ навиштаи ӯ ҷолиби диққат аст. Baй ба маҳорати шоирони форс-тоҷик Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз баҳои ба­ланд медиҳад. Саъдиро бо адибони Ғapб муқоиса намуда, менависад, ки «бузургии Саъдӣ дар «Гулистон», ба хонандагони европоӣ, зарифии Гораций, соддагии Овидий, ришханди Рабле, нармдилии Лафонтенро ба хотир меорад». Аввалин тарҷумаи пурраи «Бӯстон»-и Саъдӣ ба забони франсавӣ (Париж, 1881) бо ғайрату кӯшиши ӯ ба амал омадааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …