Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕҲСИТИИ ХУҶАНДӢ

МЕҲСИТИИ ХУҶАНДӢ

mesheryakovМЕҲСИТИИ ХУҶАНДӢ Маҳастӣ (1098, Хуҷанд — соли вафот номаълум, Ганҷа), шоираи форс-тоҷик. Меҳситии Xуҷандӣ то синни 20-солагӣ дар зодгоҳаш ба ёрии падараш илмҳои расмии замон ва санъати мусиқиро азхуд намуда, дар навохтани чанг, барбат ва уд маҳорат пайдо кардааст. Дар ин овон овозаи мутрибӣ ва маҳорати шеъргӯии шоира дар Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Озарбойҷон интишор ёфт. Меҳситии Xуҷандӣ Баъди вафоти падараш (тақрибан солҳои 1118— 19) ба Ганҷа сафар кард. Султон Маҳмуд, ин дарии вақт Ҳукумати Озарбойҷонро ба ӯҳда дошт, ӯро ба дарбор даъват кард. Ба сабаби аз итоати шоҳ баромадакаш аз дарбор ронда шуд. Меҳситии Xуҷандӣ Ганҷаро тарк намуда, чанд муддат дар Балху Марв зиндагӣ кардааст. Дар Марв ба дарбори султон Санҷар роҳ, ёфта, ба мақоми ба­ланд ва ҳурмату эҳтироми зиёд соҳиб мешавад. Меҳситии Xуҷандӣ дар ин ҷо бо шоирону адибони мащҳур Умарн Хайём, Адиб Собир, Анварӣ, Саидҳасани Ғазнавӣ ва дигарон робитаи адабӣ пайдо кард. Меҳситии Xуҷандӣ шоҳиди бисёр воқеаҳою ҷангҳои хунини султон Санҷар буд. Ӯ ба сабаби иллатҳои замона, хусусан, ҷангҳои қарахитоиён ва исьёни туркони рӯз ба ватанаш баргашта натавониста, байни солҳои 1153—54 аз Марв боз ба Ганҷа меравад ва то охири умр дар ин шаҳр мемонад. Девони ашъори Меҳситии Xуҷандӣ, ки худи шо­ира онро бо номи «Чоргоҳи Мехситӣ» тадқиқ карда буд, то замони мо боқӣ намондааст. Ҳоло аз Меҳситии Xуҷандӣ 173 рубоӣ, якчанд ғазал ва ғ. боқист, ки ба шакли девон дар Эрон (Теҳрон, 1957) ба табъ расидаанд. Меҳситии Xуҷандӣ яке аз шоираҳои озодидӯст буда, дар замонаш бар зидди маълумӣ ва беҳуқуқии занони Шарқ баромада, бис­ёр иллату камбудиҳои сохти феодалиро фош кардааст.

Ад.: Берелс Е. Э., Низамии Физули, М., 1062; Тоҷикистон. Усмон, Шоира Маҳастӣ, Д., 1963; Рипкаян, Исто­рия персидской и таджикской литерату­ры, М., 1970.

И. Ҳидоятов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …