Маълумоти охирин

МЕҲРИИ ҲИРОТӢ

mesheryakovМЕҲРИИ ҲИРОТӢ (соли таваллуд номаълум—ваф. тақр. 1449, Ҳирот), шоираи тоҷик. Шахси соҳибмаълумоте будааст. Бо дарбори Шоҳрух (1405—47) ва махсусан завҷаи Шоҳрух. Гавҳаршодбегим робитаи наздик дошт. Ӯ зани ҷасур, фошгӯ ва ҳаҷвнигор буда, ба ин сабаб аз тарафи Шоҳрух ба зиндон партофта шудааст. Баъди озод шу­дан аз зиндон робитаашро аз дарбор тамоман канд. Меҳрии Ҳиротӣ шоираи соҳибдевон аст. Ӯ тамоми ғазалиёти Ҳофизро ҷавоб гуфта, дар ғазалу рубоӣ, қитъа ва ҳаҷв беҳамто будааст. Мавзӯи ашъори Меҳрии Ҳиротиро вазъи ғуломонаи занони Шарқӣ давраи феодалӣ, эътирози сахти муқобили нобаробарии иҷтимоӣ, танқиди иллатҳои ҷамъиятӣ ва васфи ишқ ташкил медиҳад. Ба Меҳрии Ҳиротӣ маснавии хурдеро низ нисбат додаанд, ки дар он ба тарзи саволу ҷавоб тавсифи маъшуқа дода шудааст.

Ад.: Гулшани адаб, ҷ- 3, Д., 1976.

А. Афсаҳзод.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …