Маълумоти охирин

МЕҲРИХОТУН

МЕҲРИХОТУН  (1456— 1514), шоираи турк. Аз оилаи қозӣ ва шоир. Соҳибмаълумот буд. За­бон ва адабиёти форсиро хуб медонист. Дар шеърҳояш муҳаббат ва хушбахтии инсонро тараннум кар­да, ба тарафдории ҳуқуқи занон сухан рондааст. Аксари шеърҳои Меҳрихотун хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, дар шакли назира ба ашъори шоири намоёни ҳамзамонаш Наҷотӣ гуфта шудаанд. Шеърҳои шоира самимӣ буда, бо забони соддаву равон эҷод гардидаанд ва дар назми асримиёнагии турк мақоми хос доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …