Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲРГОН

МЕҲРГОН

МЕҲРГОН яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Меҳргон рӯзи шонздаҳум — рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми соли шамсӣ — меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим онро муборак шумориданд мекарданд ва он рӯзро Меҳргон меномиданд (бино ба достонҳои қадимӣ, гӯё рӯзи ҳабс шуда­ни Заҳҳоқ дар кӯҳи Дамованд буда­аст), ба 23 сентябр— 22 октябр тақвими Григорианй рост меояд. Деҳқонон дар ҳамин рӯз ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ мекарданд. Наврӯз оғози кишту кор бошад, Меҳргон ҳамчун рӯзи нахустини ҷапмъоварии ғалла ҷашн гирифта мешуд. Ба қайди М. тайёрӣ медиданд, ҳашарҳо мегузарониданд, сару либоси нав медӯхтанд, сайлу базмҳо ташкил мекарданд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар байни деҳқолони колхозии Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба ҷой Меҳргон анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот ва ғ. пайдо ва пойдор шудаанд.

А. Э. Неъматӣ.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …