Главная / Гуногун / МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 11 ноябри 1966) дар райони Зафаробод, вил. Ленинобод. Маркази с-зи «Ленинобод». Меҳнатободро роҳи автомобилгард бо маркази район мепайвандад. Аз М. то маркази район 9 км ва стансияти роҳи оҳани Хавос 19 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 6775 нафар (1981), асосан тоҷикон. Мактаби миёна, техникуми бинокорӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, клуби тобистона, хонаи маданият, 3 пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, АТС, ҳаммом, 6 магазин, муассисаи сохаи хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо оа воситаи насосҳо аз д. Сир ва пармачохҳо обёрӣ мешаванд.

 

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …