Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Меҳнатобод ва колхози «Дружба»-и райони Москва, вилояти Кӯлоб. Аз Меҳнатобод то маркази район 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2600 наф. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китоб­хона, 2 клуб, пункти тиббӣ, касалхо­на, дорухона, шӯъбаи алоқа, АТС, 2 магазин, ошхона, нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пах­такорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. За­минҳо ба воситаи канали Чӯбак аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Деҳа соли 1950 буньёд ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …