Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ ЗАРУРИИ ҶАМЪИЯТӢ

МЕҲНАТИ ЗАРУРИИ ҶАМЪИЯТӢ

mehnati-jamiyatiМЕҲНАТИ ЗАРУРИИ ҶАМЪИЯТӢ, меҳнатест, ки дар шароити мӯътадили истеҳсолоти ҷамъиятӣ, яъне дар шароити дараҷаи миёнаи техника, дараҷаи миёнаи шиддатнокии меҳнат ва ихтисоси коркун дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи қисми асосии маҳсулоти навъи муайян барои истеҳсоли як воҳиди мол сарф мешавад. Арзиши мол аз рӯи сарфи Меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян мегардад. Дараҷаи ҳосилнокии меҳнат ҳар қадар баланд бошад барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот меҳнат ҳамон қадар кам сарф мешавад. Дар замони социализм Меҳнати зарурии ҷамъиятӣ ба таври стихиявӣ не, балки дар асоси қонуни тараққиёти мунтазами иқтисодиёти социалистӣ сарф мешавад. Кам кардани сарфи меҳнат барои истеҳсолн як воҳиди маҳсулот имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот ва даромади корхона зиёд шуда, нархи маҳсулот арзон ва дараҷаи зиндагонии меҳнаткашон баланд гардад.

М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …