Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ ЗАНОН

МЕҲНАТИ ЗАНОН

mehnati-zanonМЕҲНАТИ ЗАНОН, иштироки занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки хусусияти онро сохти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият муайян менамояд. Меҳнати занон зарурати таърихӣ буда, аз давраҳои қадим идома дорад. Истифодаи васеи Меҳнати занон бо инкишофи тарзи истеҳсолоти капиталистӣ, махсусан баъди ихтирои мошин афзуд. Дар давраи капитализм зан ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ фаъолона дохил шуд ва меҳнати вай аҳамияти калони иҷтимоӣ пайдо кард. Меҳнати занон ба капиталист ҳамчун манбаи фоидаи иловагӣ заруру судманд аст, зеро нисбатан арзон буда, ба туфайли он музди меҳнати мардон низ кам мешавад. Дар бисёр мамлакатҳои буржуазӣ, қатъи назар аз меҳнати баробари марду зан, музди меҳнати занон ба 40—70% музди меҳнати мардон баробар аст. Истифодаи Меҳнати занон махсусан дар асри 20 авҷ гирифт. Дараҷаи истифодаи Меҳнати занон дар мамлакатҳои мухталиф гуногун аст. Дар як қатор мамлакатҳои капиталистӣ рев. илмию техникӣ ба камшавии Меҳнати занон сабаб шуд. Вале зимни баланд шудани суръати инкишофи саноат истифодаи Меҳнати занон ривоҷ ёфт. Дар мамлакатҳои капиталистӣ махсусан вазъияти занони кӯдакдор хеле вазнин аст. Мас., дар ШМА қонуни оид ба додани ёрдампулӣ дар давраи ҳомила танҳо дар 4 штат (аз 50) мавҷуд аст. Дар баъзе мамлакатҳои капиталистӣ умуман қонуни муҳофизати Меҳнати занон вуҷуд надорад.

Дар СССР масъалаи занҳо, аз ҷумла масъалаи Меҳнати занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ қатъиян ҳал шудааст. Қоидаи баробарҳуқуқии занон ва мардон қонунан дар Конституцияи СССР сабт гардидааст (мод. 35). Меҳнати занон дар Мамлакати Советҳо қисми таркибии ташкили социалистии меҳнат ва танзими ҳуқуқи занон мебошад.

Таносуби шахсони соҳибмаълумот дар баёни занон ва мардон қариб як хел аст. Занҳо дар СССР соҳиби имтиёзҳои зиёданд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқ доранд дар 55-солагӣ бо стажи 20 солаи корӣ (мардон дар 60-солагӣ бо стажи 25 солаи корӣ) ба нафақаи пиронсолӣ бароянд. Барои занҳое, ки дар баъзе соҳаҳои саноат кор мекунанд ва барои модарони серфарзанд имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шудааст. Давлати Советӣ муттасил оид ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳаёти маишии

занон ғамхорӣ менамояд. Программаи КПСС барои занҳо ба вуҷуд овардани шароитҳои мусоидтари меҳнат ва истироҳатро пешбинӣ мекунад. Дар СССР истифодаи Меҳнати занон дар корҳои вазнин ва зарарнок, инчунин дар корҳои зеризаминӣ (ба ҷуз корҳои ғайриҷисмонӣ  корҳои хизматрасонии санитарӣ ва маишӣ) манъ аст. Шумораи зиёди муассисаҳои кӯдакона (яслӣ, боғчаҳои бачагона, гурӯҳхои мактабии машғулияташон давомнок) ва ғ. гарантияи иқтисодии ҳуқуқи занҳо ба меҳнат аст. Ниг. низ Модарони серфарзанд.

Барои иштироки васеи занҳо дар истеҳсолот масъалаи ба соҳаи калони мханиконидашудаи хоҷагии халқ табдил додани хизмати маишӣ ҳал шуда истодааст. Ҳоло аз нисф зиёди қувваи қобили меҳнати хоҷагии халқи мамлакатро занон ташкил медиҳанд. Коргарони саноати маҳаллӣ ва саноати сабук асосан аз занон иборатанд. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон 51 млн. 297 ҳаз. занон (1975) кор мекунанд, ки 51,4% қувваи қобили меҳнат ба ҳисоб меравад. Дар республика зиёда аз 2500 нафар коркунони илмӣ занонанд, ки аз байни онҳо 17 нафар доктор ва зиёда аз 400 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Бештар аз 16 ҳазор нафар занон ба фарзандони меҳнаткашон таълиму тарбия дода, қариб 4 ҳаз. нафарашон шабу рӯз дар посбонии саломатии одамонанд. Зиёда аз 80 нафар занони тоҷик сазовори мукофоти олии Ватан — Қаҳрамони Мехнати Социалистӣ гардидаанд. Даҳҳо ҳазор наф. занон бо ордену медалҳои СССР мукофотонида шудаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …