Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ ОДДӢ

МЕҲНАТИ ОДДӢ

mehnati-oddiМЕҲНАТИ ОДДӢ, меҳнати коргари беихтисос. Меҳнати оддӣ дар истеҳсолоти молӣ ченаки тамоми навъҳои меҳнати мураккаб мебошад. Бузургии арзиши мол аслан бо миқдори зарурии ҷамъиятии Меҳнати оддӣ муайян мегардад. Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣ ва капитализм навъҳои гуногуни меҳнати мураккаб, дар ҷараёни мубодила (бозор) ба таври стихиявӣ бо воҳидҳои Меҳнати оддӣ ифода мешаванд. Дар шароити социализм ҳам, ки истеҳсолоти молӣ ва фарқи байни меҳнати баландихтисос ва беихтисос вуҷуд дорад, меҳнати мураккаб бо воҳидҳои Меҳнати оддӣ ифода меёбад. Вале ин процесс на ба таври стихиявӣ, балки аз рӯи плани муайян давом мекунад. Дар рафти сохтмони коммунизм дар натиҷаи пешрафти босуръати техникӣ ва баланд шудани савияи маданию техникии меҳнаткашон фарқи байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, байни меҳнати мураккаб ва Меҳнати оддӣ барҳам хӯрда, меҳнати коргарон меҳнати баландихтисос мегардад.

М. Мамадназарбеков.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …