Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ МУРАККАБ

МЕҲНАТИ МУРАККАБ

mehnati-murakkabМЕҲНАТИ МУРАККАБ, меҳнатест, ки тайёрии махсус ва ихтисоси баланди коргарро талаб менамояд. Меҳнати мураккабро на ҳама, балки фақат шахсони соҳибихтисос иҷро менамоянд. Сифати Меҳнати мураккаб баланд буда, дар воҳиди вақт нисбат ба меҳнати оддӣ қимати зиёд ба вуҷуд меорад. Яъне ҳар як соати Меҳнати мураккаб ба якчанд соати меҳнати оддӣ баробар аст. Бузургии арзиши моле, ки бо Меҳнати мураккаб истеҳсол шудааст, аз рӯи миқдори меҳнати оддии зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Дар Меҳнати мураккаб нисбат ба меҳнати оддӣ роли фаъолиятн меҳнати фикрӣ баланд аст. Меҳнат бо тараққиёти илм ва техника мураккаб гардида, аз коргарон то рафт савияи баланди илмию техникӣ талаб менамояд.

Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣ ва дар шароити капитализм Меҳнати мураккаб ба таври стиҳиявӣ, дар бозор ба ҳисоби меҳнати оддӣ мегузарад. Дар замони социализм ин процесс аз рӯи план дар асоси қонуни иқтисодии тақсими маҳсулот аз рӯи сифату миқдори меҳнати ҳар як аъзои ҷамъият давом мекунад. Дар давраи барпо намудани базаи моддию техникии коммунизм савияи мадании меҳнаткашон босуръат баланд шуда, фарки байни меҳнати беихтисос ва ихтисоснок тадриҷан аз байн меравад. Дар замони коммунизм меҳнат асосан Меҳнати мураккаб, меҳнати баландихтиcoc мегардад.

М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …