Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ

mesheryakovМЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ (1519—1584, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сар­рой ва ҳалвогар будааст. Аз ишороти Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб»), Бақои («Манмаъ-ул-фузало») ва маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ бармеояд, ки Меҳнатӣ шоири зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва ҳаҷвнигор буда, бо баҳонаи девонагӣ муллоёни мутаассиб ва ҳокимонро сахт танқид мекардааст. Меҳнатиро соҳибдевон ёд кардаанд. Ашъори парокандаи бисьёре дорад, ки ҳамагӣ соддаву равонанд. Дар ашъори Меҳнатӣ таъсири эҷодиёти Амир Хисрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дит, мушоҳида мешавад.

У. Назиров.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …