Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ БАЧАГОН

МЕҲНАТИ БАЧАГОН

mehnati-bachagonМЕҲНАТИ БАЧАГОН, меҳнати кирояи хурдсолон, яъне ноболиғоне, ки қобили меҳнат нестацд, Истисмори бачагон дар давраи капитализм, хусусан баъди дар истеҳсолот пайдо шудани мошин авҷ гирифт.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ музди кори бачагон назар ба калонсолон ниҳоят кам аст. Аммо капиталистон аз ин даромади калон мегиранд. Дар баробари ин қашшоқии пролетариат маҷбур мекунад ки бачагон ҳам мунтазам ба бозори меҳнат бароянд. Истисмори бераҳмонаи бачагон боиси бемориҳои касбӣ ва маҷрӯҳии ҷисмонию фикрӣ ва марги бармаҳали онҳо мешавад Масъалаи Меҳнати баагон яке аз проблемаҳои муҳими иҷтимоии ҷамъияти капиталистӣ ва маҳдудияти Меҳнати баагон яке аз талабҳои синфи коргар гардид Мувофиқи Конвенцияи баёналхалқӣ ташкили меҳнат № 59 (1937) мринимуми синни қабули бачагон ба кор аз 15-солагӣ буда, он дар 22 мамлакати ҷаҳон амал мекунад (1 янв. 1970). Вале дар 33 давлати ҷаҳон бачагонро аз 14-солагӣ ба кор қабул мекунанд.

Дар Эрон, Туркия, Португалия, Таиланд, Коста-Рика, Гаити бачагон аз 12-солагӣ кор мекунанд. Дар аксари штатҳои ШМА рӯзи кори бачагони то 16-сола 8 (дар баъзе штатҳо 9—10) соат (ҳафтае 48—54 соат аст.

Дар давраи социализм мафҳуми «Меҳнати баагон» вуҷуд надорад ва истисмори бачагон пурра барҳам хӯрд. Дар СССР ва дигар мамлакатҳои социалистӣ меҳнат ҷузъи узвии тарбияи коммунистӣ гардидааст. Хоки миллати Советӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ аз Меҳнати баагони ба воя нарасида истифода бурданро манъ кард. Меҳнати наврасон дар мамлакати мо аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад. Мувофиқи Укази Президиуми Совети Олии СССР (аз 13 декабри 1966) ба кор қабул кардани бачагони то 16-сола манъ аст. Агар зарурат ба миён ояд, бачагони 15-соларо фақат бо ризоияти Комитетҳои заводу фабрика ва иттифоқи касаба кор қабул мекунанд. Бачагони то 18-соларо ба корҳои зеризаминӣ, вазнину зараррасон ва сменаҳои шабона таъин намекунанд. Рӯзи кории наврасони 16—18-сола аз 6 соат зиёд набуда, музди корашон пурра дода мешавад. Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ барои баланд бардоштани малака ва саводи наврасон мунтазам ғамхорӣ мекунад. Дар «меҳнати кироя ва капитал» СССР, ба ғайр аз мактабҳои маълумоти умумӣ, мактабҳои гуногуни касбҳои техникӣ мавҷуданд. Наврасони коркуни нав омадаро ходимони тиббӣ мунтазам назорат карда меистанд. Чунин тадбирҳо дар мамлакатҳои демократии халқӣ низ ба амал гузаронда мешаванд.

Ад.: Крупская Н. К., Труд м об развивание рабочей молодёжи (статьи и речи), Харьков, 1925; Киселёв И. Я., Капитализм и рабочая молодёжь, М., 1964.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …